Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии судманд бо намояндагони ИМА

124

Дар толори маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ, вохӯрии муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом бо ҷонишини ёвари Котиби давлатии Бюро оид ба масъалаҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ хонум Эмилиа Пума доир гардид.
Дар ин вохурӣ кордори муваққатии Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Кевин Коверт ва дигар шахсони расмӣ иштирок доштанд.
Нахуст муовини Вазири корҳои дохилӣ Умарзода И.И. меҳмононро ба сарзамини Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки ҳамкории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафорати ИМА дар доираи Созишномаи ба имзорасида миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ИМА дар самти назорати гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва ҳамкорӣ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ амалӣ гашта истодааст. Умед дорем чунин ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар оянда низ боз ҳам тақвият хоҳанд ёфт.

125126

Дар навбати худ ҷонишини ёвари Котиби давлатии Бюро оид ба масъалаҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ хонум Эмилиа Пума иброз дошт, ки Сафорати ИМА бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории зич дошта, рӯз аз рӯз ин ҳамкориҳо дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ ва ҳама гуна хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир боз ҳам тақвият меёбанд.
Ҷонибҳо дар рафти вохӯрӣ оид ба масоили мубориза бар зидди экстремизм, терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, хариду фурӯши одамон ва дигар зуҳуроти номатлуб табодули афкор намуданд.
Вохӯрии мазкур дар фазои якдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум анҷом ёфт.
Абдулмуъмини ЗАЙНИДДИН




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuni

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика