Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рушди ҳамкориҳои судманд бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон

119

Дар маркази таълимии шуъбаи Бонки миллии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Гулистон вохӯрии кории намояндагони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамкасбон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир гашт. 

120121

Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистонро сардори Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои мутташаккили ВКД полковники милитсия Ҳафиззода Шодӣ Хуршед ва роҳбарони шуъбаҳои минтақавии Раёсати мазкур дар шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ намояндагӣ карданд.
Ҳайати кории меҳмонон бо роҳбарии сардори Сарраёсати мубориза бар зидди терроризм ва экстремизми ВКД Ҷумҳурии Ӯзбекистон полковник Қодиров Дониёр Бахтиёрович ва роҳбарони ҷузъу томҳои ҳамин Сарраёсат дар минтақаҳои бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамсарҳад ташриф оварданд.
Вохӯрии корӣ идомаи ҳамкориҳо дар доираи барномаҳои дар сатҳи давлатӣ қабул гардида мебошад, ки зимни боздиди Вазирони корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва Ӯзбекистон генерал-майор Бобоҷонов Пулод Раззоқович мувофиқа шудааст.
Дар мулоқот масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкории мақомотҳои корҳои дохилии ҳарду кишвар, дар самти мубориза бар зидди ҷинояткории трансмиллӣ, терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, мубодилаи иттилоот, мусоидат намудан дар дастгиркунии ҷинояткорони ҷустуҷӯшаванда баррасӣ гардиданд.

122123

Ҳамчунин меҳмонон аз мавзеъҳои саёҳатӣ ва таърихии «Баҳри тоҷик» ва «Қасри Арбоб» дидан намуданд.
Вохӯрӣ заминаи воқеиро барои ривоҷу равнақ ёфтани робитаи ҳамкорӣ байни Вазоратҳои корҳои дохилии ҳарду кишвар гузошта, дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ мусоидат менамояд.
Акбар Шарифов, капитани милитсия




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика