Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баррасии масъалаи ҳамкориҳо бо намояндагони лаҳистонӣ

116

Рӯзи 19-уми сентябри соли 2018 муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Саидзода Маҳмадсаид Борон бо ҳайати низомиёни лаҳистонӣ: полковник Анджей Якубашек – Директори Раёсати кор бо хориҷиёни Хадамоти марзбонии Лаҳистон, полковник Изабелла Валчак – Мушовири Раёсати мазкур ва прапоршик Эдита Скибинска - сармутахассиси бахши мушаххасозии ҳуввияти паноҳҷӯёни Раёсати Аврупо ва Осиёи Марказии Хадамоти марзбонии Лаҳистон мулоқот доир намуд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳо дар соҳаи барқарорсозии механизмҳои муайянкунии шаҳрвандони хориҷие, ки худро ҳамчун шаҳрвандони Тоҷикистон муаррифӣ мекунанд, расмиёти баргардонидани чунин шахсон ба кишвари иқомат ва пурзӯр намудани иқтидори хадамоти муҳоҷират ва сарҳадро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ аз ҷониби Директори Раёсати кор бо хориҷиёни Хадамоти марзбонии Лаҳистон полковник Анджей Якубашек ҷиҳати омӯхтани таҷрибаи давлати Лаҳистон оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ, мушаххасозии ҳуввият ва мубодилаи иттилоот як қатор пешниҳодҳои судманд ироа гардиданд.

117118

Зикр гардид, ки дар доираи ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо бо Тоҷикистон як қатор Созишнома, Конвенсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мавҷуд мебошад, ки ҷиҳати рушду нумӯъ ёфтани муносибатҳои муфиди Хадамоти марзбонии Лаҳистон бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Дар хотимаи вохӯрӣ ҷонибҳо баҳри тақвият бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба изҳори боварӣ намуданд.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuni

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика