Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ташрифи Котиби генералии «Интерпол» ба ВКД

Дар навбати худ Котиби генералии «Интерпол» Роналд Кеннетт Нобл аз пазироии самимии Вазири корҳои дохилӣ изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки бо ташаббуси Шумо мубодилаи иттилоот дар самти кофтукови ҷинояткорон пурзӯр гардида, ҳамоҳангсозӣ ва дар якҷоягӣ амал намудан натиҷаҳои дилхоҳ дода истодааст.

Зимни вохӯрӣ тарафҳо дар ҳама самтҳои ҳамкорӣ ибрози андеша намуда, қайд карданд, ки дар оянда барои пешбурди кор ба ҳамдигар муосидат менамоянд.

Дар хотимаи вохӯрии судманд тарафайн ба ҳамдигар тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуда, Котиби генералии «Интерпол» Роналд Кеннетт Нобл аз Бюрои Миллии Марказии «Интерпол»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуд.

Маҳбуба Гулова, майори милитсия




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика