Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо ҳайати меҳмонони Германия

 

Дар ҷараёни вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов меҳмононро хайрамақдам гуфта, иброз намуд, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи мо минбаъд боз ҳам вусъат меёбанд. Аз он ҷумла, баргузории конференсияи дар пешистода бо дастгирии Институти хамкориҳои байналмилалии Хазинаи Ҳанс Зайдел далели ин гуфтаҳост.

Зоммер Волфганг - Президенти политсияи Бавария дар навбати худ иброз намуд, ки мо ҳамеша барои ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои омӯзиш ва баланд бардоштани сатҳи тахассуси кадрҳои мақомоти корҳои дохилӣ ва ислоҳоти милитсия омодаем.

Ҷонибҳо оиди мубориза бар зидди ҷинояткорӣ аз он ҷумла, бар зидди терроризм, экстремизм, ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ва маводи нашъовар ва инчунин ҳамкории милитсия бо ҷомеа гуфтугӯи судманд анҷом доданд.

Вохӯрӣ дар фазои якдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум анҷом пазируфт. 

Маҳбуба Гулова, майори милитсия




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика