Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо Алиасғари Шеърдӯст

Имрӯз (19.04.с.2013) Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғои Алиасғари Шеърдӯст, мушовири бахши сиёсӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии Сафорати Эрон дар Тоҷикистон оғои Хурромӣ ва мустақимоти вазоифи марбут ба Вазоратҳо ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи Сафорати мазкур оғои Интизорӣ вохӯрӣ доир намуд.

 

 

 

Сараввал Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов, Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғои Алиасғари Шеърдӯстро хайрамакдам гуфта, оид ба ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кишвари Эрон дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқ, сохтмон ва хусусан дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз он ҷумла, бар зидди терроризм ва экстремизм изҳори андеша намуда, қайд кард, ки «Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамаи заминаҳои ҳуқуқӣ ҷиҳати ҳамкориҳои муштарак фароҳам оварда шудааст. Аз он ҷумла, байни ин ду кишвар зиёда аз 90 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шудааст».  

Оғои Алиасғари Шеърдӯст дар навбати худ аз пазироии гарму самимӣ ба Вазири корҳои дохилӣ изҳори миннатдорӣ намуда, иброз намуд, ки «Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эрон ҳеҷ заминае нест, ки мо дар он ҳамдигарфаҳмӣ надошта бошем. Дар чаҳорчӯби манофеи муштарак, таърих фарҳанг ва забон, кишварҳоямон рушду тараққӣ хоҳанд ёфт. Дар Тоҷикистон зиёда аз 300-ширкати эронӣ номнавис шудааст, ки дар самтҳои гуногун фаъолият менамоянд».

Мавсуф зимни табодули афкор аз Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов даъват ба амал овард, ки кормандони мақомоти корҳои дохилиро ба Донишкадаҳои тахассусии Вазорати умури дохилаи Эрон оид ба мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва маводи мухаддир барои таҳсил фиристонад.  

Дар ҷараёни вохӯрӣ масоили ҳамкориҳои мутақобила байни Вазоратҳои корҳои дохилии ҳарду давлат ва боз ҳам густардатар намудани онҳо баррасӣ гардиданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ тарафайн ба ҳамдигар тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуда, ҷиҳати ҳарчи бештари ҳамкориҳои  муштарак дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ изҳори умедворӣ намуданд.

Маҳбуба Гулова, майори милитсия




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика