Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамкориҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо Вазорати бехатарии ҷамъиятии Хитой қавитар мегарданд

Инчунин дар рафти вохӯрӣ Сафири Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷаноби Фан Сянжун намояндаи расмии Вазорати  бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷаноби  Бян Юйтсзеро муаррифӣ намуд.

Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия ҷаноби Бян Юйтсзеро бо таъин гардиданаш ба ин вазифаи пурмасъул табрик намуда, изҳор намуд, ки дар оянда ҳамкории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой боз ҳам самаранок  ва қавитар мегардад.

Зимни вохӯрӣ Тарафҳо масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкории дуҷонибаро дар мавриди мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, терроризм ва экстремизм, инчунин таҳдиду хатарҳое, ки эҳтимол аст пас аз хуруҷи нерӯҳои ТҲАШ (НАТО) аз Афғонистон ба миён оянд, баррасӣ намуданд.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва якдигарфаҳмӣ баргузор гардида, тарафҳо аз рушди ҳамкориҳои мутақобила изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД ҶТ




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика