Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо Сафири ШМА Эллиот Сюзан

Зимни вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов иброз намуд, ки «Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафорати Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар самтҳои мухталиф ва васеъ, аз он ҷумла, дар соҳаи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм ва маводи мухаддир ҳамкорӣ дорад. Мо дастгирии Сафорати ШМА-ро эҳсос менамоем ва ҳамеша барои ҳамкорӣ омодаем».

Дар навбати худ Сюзан Эллиот иброз намуд, ки «Сафорати Штатҳои Америка якчанд барномаҳоро дар самти ҳамкории милитсия бо ҷомеа, инкишоф додани нақши занон дар ҷамъият ва гузаронидани тренинг ва семинарҳо барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ амалӣ намуда истодааст».

Ҳамчунин тарафҳо зимни вохӯрӣ оид ба хатарҳо ва таҳдидҳо баъди баровардани нерӯҳои ТҲАШ (НАТО) аз Афғонистон ва муборизаро бар зидди терроризм, экстремизм ва маводи мухаддир вусъат додан дар ин замина ибрози андеша намуданд. Инчунин, лоиҳаи Стратегияи ислоҳоти милитсияи Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» мавриди баррасӣ қарор гирифта, Сафири Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эллиот Сюзан изҳор намуд, ки баъди баимзорасии лоиҳаҳои мазкур омодаанд, кӯмаки худро дар амалӣ намудани онҳо бирасонанд.

Дар фарҷом тарафҳо аз ҳамкориҳои мутақобилан судманд ба ҳамдигар изҳори миннатдорӣ намуда, барои минбаъд боз ҳам рушду такомул додани ин ҳамкориҳо изҳори умедворӣ намуданд.

Вохӯрӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум анҷом пазируфт.

 Маҳбуба Гулова, майори милитсия




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика