Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини амният ва бехатарӣ

Зимни вохӯрии имрӯза ҷонибҳо фаъолияти Созмони ҳамкориҳои Шанхайро манфиатбахш арзёбӣ намуда, ба сиёсати берунаи ин Созмон оид ба таъмини амният ва оромӣ дар минтақа, инчунин ба муносибатҳои зичи ду сохтори қудратӣ -  Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой баҳои баланд доданд. Дар навбати худ Директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (РАТС ШОС) ҷаноби Чжан Синфэн суханронӣ намуда, оид ба масъалаҳои муҳими амалӣ намудани фаъолияти РАТС Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва дар ҳамбастагӣ амал намудани мақомотҳои қудратии ин ду давлат изҳори андеша намуд. Инчунин ҷонибҳо дар ин вохӯрӣ мубодилаи афкор намуда,  оид ба бартараф намудани масъалаҳои муҳими ҷойдошта аз вазъи муносибатҳои байналмилалӣ бар зидди пешгирии ҷиноятҳои терроризму экстремизм, инчунин таъмини амнияти минтақавию байналмилалиро бо назардошти хориҷ шудани нерӯҳои ТҲАШ (НАТО) аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мавриди муҳокима қарор доданд. Вохӯрӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум анҷом пазируфт.

Илёсов Р.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика