Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздиди омӯзгорону кормандони Академияи ВКД аз НБО Роғун

448

Дар асоси ташаббуси сардори Академияи ВКД, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ дар мувофиқа бо Вазири корҳои дохилӣ бахшида ба кушодашавии агрегати якуми НБО Роғун гурӯҳи омӯзгорону кормандони Академияи ВКД дар ҳайати 17-нафар таҳти роҳбарии сардори шуъбаи кадрҳои Академия, подполковники милитсия Набизода М.И. аз НБО Роғун боздид намуданд.
Гурӯҳи омӯзгорону кормандони Академияи Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳри Роғун, ки солҳои охир хеле аз нигоҳи меъморӣ рушд намудааст, сардори ШВКД дар шаҳри Роғун полковники милитсия Ашурзода А. гарм истиқбол намуд.
Гурӯҳи омӯзгорону кормандони Академияи ВКД аз фаъолити хизматии шабонарӯзии ин родмардони Ватан дар объекти муҳими стратегии давлат аз наздик шинос гардиданд. Сардори ШВКД дар шаҳри Роғун полковники милитсия Ашурзода А. иброз намуд, ки кормандони милитсияи шаҳри Роғун софдилона хизмат намуда, доимо аз ғамхорию кӯмакҳои Вазири корҳои дохилӣ бархурдор буда, тамоми шароитҳои хизматӣ муҳайё гардидааст.
Бинои ШВКД дар шаҳри Роғун таъмиру тармим гардида, бинои нави шуъбачаи БДА ва шиносномавию бақайдгирӣ сохта шудааст.

449

Сипас таҳти роҳбаладии сардори ШВКД дар шаҳри Роғун полковники милитсия Ашурзода А. гурӯҳи омӯзгорону кормандони Академияи ВКД аз шаҳри зебоманзари Роғун дидан намуда, ба Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи НБО-и Роғун ворид гаштанд. Масъулини Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи НБО-и Роғун гурӯҳи омӯзгорону кормандони Академияи ВКД-ро истиқболи самимӣ карда, ба шаҳри энергетикҳои Роғун хайрамақдам гуфтанд. Масъулини Ҷамъияти мазкур дар бораи таърих, сохти муҳандисию технологии нерӯгоҳ маълумоти муфассал дода, иброз намуданд, ки ҳеҷ кас гумон намекард, ки қисмати зиёди ин иншооти бузург дар як мӯҳлати кӯтоҳ сохта шуда, агрегати якуми он рӯзи 16-ноябри соли 2018 ба истифода дода мешавад, дар ин ҷода заҳматҳо ва ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баръало ба назар мерасад.
Баъд аз шиносоӣ ба тарҳи технологӣ тавассути иҷозатномаи гузаргоҳӣ гурӯҳи омӯзгорону кормандони Академияи ВКД таҳти роҳбаладии масъулини Ҷамъияти мазкур вориди ин нерӯгоҳи бузурги аср гадиданд, ки зери кӯҳҳои осмонбус қарор дорад. Ба шароитҳои корҳои зеризаминӣ ва мураккаби техникии коргарон аз наздик шинос шуда, бо онҳо сӯҳбат гардиданд. Бо тамоми хатҳои технологию муҳандисии хеле мураккаб шинос шуда, аз агрегати якуми НБО-и Роғун дидан намуданд, ки агрегат мунтазам кор карда, ба хонаводаи ҳар як сокини кишвар нур меорад.
Дар чеҳраи коргарон шодию фараҳ ба назар мерасид ва ҳама чун як оилаи бузург ба меҳнати софдилона машғул буданд. «Шунидан кай бувад, монанди дидан» гуфтаанд, бояд аз наздик бо чашмони худ дид, ки чи тавр ҳамватанони мо зери замин ин нерӯгоҳи бузургро сохта истодаанд ва корҳои сохтмонӣ марҳила ба марҳила идома доранд.

450

Ёдовар мешавем, ки НБО-и Роғун бузургтарин нерӯгоҳ дар Осиёи Марказӣ буда, дар ҷаҳон балантарин (335 метр аз сатҳи баҳр) обанбор дошта, аз 6-агрегат иборат буда, баъди истифодаи ҳамаи агрегатҳо иқтидори он ба 3600 мегават хоҳад расид, ки ин хароҷоти ҷумҳуриро пурра қонеъ гардонида, изофаи он ба хориҷи кишвар содир карда мешавад. Тоҷикистон аз лиҳози иқтисодӣ дар даҳсолаи наздик кишвари муқтадири Осиёи Марказӣ мегардад.
Гурӯҳи омӯзгорону кормандони Академия ВКД таҳти роҳбарии сардори шуъбаи кадрҳои Академия, подполковники милитсия Набизода М.И. ба масъулин, кормандон, коргарони Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи НБО-и Роғун миннатдорӣ намуда, ба меҳнатдӯстии онҳо қоил гашта, дар корнамоии меҳнатии онҳо бурдбориҳо таманно намуданд.
Асламов Б.С., Набизода М., Убайдуллоев Ш.Э.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика