Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нашри курси лексияҳо «Таҳқиқ дар мақомоти корҳои дохилӣ»

219Дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби омӯзгорони факултети №2, н.и.ҳ., Арипов А.П., Бобоҷонов Н.М., н.и.ҳ., дотсент Юлдошев Р.Р. курси лексияхо аз фанни «Таҳқиқ дар мақомоти корҳои дохилӣ» дар нашриёти «ЭР-Граф» дар ҳаҷми 176 саҳифа бо сифати баланд аз чоп баромад.

Курси лексияҳо ходанбоб буда, дар асоси стандарти давлатии таълим барои мактабҳои олӣ таҳия гардидааст. Дар он мазмун, мундариҷа, муҳтаво, таҷрибаи таҳқиқ дар мақомоти корҳои дохилӣ инъикоси худро ёфтааст.
Ба курси лексияҳо сардори Раёсати таҳқиқи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Шафизода Р.И., сардори факултети №1 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., полковники милитсия Назиров Н.А., дотсенти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, н.и.ҳ., Муҳитдинов А.А. тақриз навиштаанд.
Аз курси лексияҳои мазкур метавонанд курсантон, шунавандагон, донишҷӯён, аспирантон, омӯзгорон ва кормандони таҳқиқу тафтишот ба таври васеъ истифода баранд.
Таълифи дастур, курси лексияҳо, китобҳои дарсӣ дар асоси дастури Вазири корҳои дохилӣ оид ба беҳтаргардонии раванди таълим дар Академияи ВКД ба роҳ монда шуда, шахсан Вазири корҳои дохилӣ дар ин самт пешсаф мебошанд.
Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика