Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

БОЗ ЯК ДАСТОВАРДИ БЕҲТАРИНИ АКАДЕМИЯИ ВКД ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

218Яке аз хушхабарҳое, ки имрӯзҳо ба даст омадааст ва ҳайати профессорону омӯзгорони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин кормандони соҳаи илми ҷумҳуриро рӯҳбаланд намудааст, ин бо қарори махсуси Президиуми Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидани маҷаллаи илмии «Осори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Феҳристи маҷаллаҳои (нашрияҳои) илмии тақризшаванда, ки дар онҳо бояд натиҷаҳои илмии тадқиқотҳои диссертатсияҳо аз рӯйи самти омода кардани докоторҳои фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос, аспирантҳо, докторантҳо ба чоп расонида шаванд, мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки маҷаллаи мазкур соли 2015 ба Шохиси Россиягии иқтибосоварии илмӣ (РИНЦ) ворид карда шуда, бо қарори Раёсати Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия аз 6 июни соли 2017 ба Феҳристи нашрияҳои илмии тақризӣ, ки дар онҳо бояд натиҷаҳои асосии илмӣ оид ба дарёфти дараҷаҳои илмии номзади илмҳо ва доктори илмҳо нашр гарданд, ворид гардид.
“Осори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз даврони таъсисёбияш то ба имрӯз чун минбари муаррификунандаи олимони ватанӣ баромад намуда, ҳамчун сарчашмаи зарурӣ барои аз ҷониби муҳаққиқони имрӯз ва оянда чун заминаи бунёдӣ барои анҷом додани корҳои тадқиқотӣ истифода мегардад.
Маҷаллаи мазкур метавонад ҳамчун дастоварди беназир дар пешбурди фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва умуман олимону донишмандони соҳаи илми ҳуқуқшиносии ҷумҳурӣ ҳисоб ёфта, заминаи воқеиро барои омода намудани мутахассисони илмӣ-педагогӣ муҳайё созад.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД

 




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика