Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии навбатии шунавандагони факултети №1 Академияи ВКД бо курсантон

433

Рӯзи 11-уми декабри соли 2018 баҳри иҷрои супориши Вазири корҳои дохилӣ ва роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати мустаҳкам намудани донишҳои назариявии курсантон бо амалияи муосир, таҳти роҳбарии сардорони факултетҳои №1 ва №2-и Академияи ВКД дар толори хурди маҷлисгоҳи Академияи мазкур вохӯрии навбатии шунавандагони таҳсили ғоибонаи факултети №1 бо курсантони факултетҳои №2 ва №6 баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ сардори факултети №1,полковники милитсия Нозиров Н.А., сардори факултети №2, полковники милитсия Ализода А.Ш., роҳбарони ҷузъу томҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз он ҷумла сардорони ШВКД-ҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки бо таври ғоибона дар факултети №1 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд, баргузор гардид.
Дар вохурӣ Лангариев Бахтиёр Салмонович, сардори шуъбаи сафарбарии Раёсати ташкил ва сафарбарии ситоди генералии Қӯшунҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия Саторзода Абдулқодир Сатор, командири Ротаи махсуси зудамали милитсия дар назди ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия Хайруллозода Муҳриддин Хайрулло, ваколатдори калони оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳими Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия Юсуфзода Маҳмадулло Усмон сардори шуъбачаи минтақавии деҳоти «Гараутӣ»-и ШВКД дар ноҳияи Дӯстӣ, Ҳусейнзода Исломиддин Маҳмадӣ ҳуқуқшиноси дараҷаи - 1, ёрдамчии калони прокурор дар ноҳияи Ёвон, майори милитсия Ҳалимзода Сайидҷаъфар Маҳмадусмон, ваколатдори калони Раёсати амнияти дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, аз таҷрибаи кории худ ба курсантон маълумоти муфассал доданд. Ҳамчунин курсантонро барои хониши хубу аъло, ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ ва хизмати софдилона ба халқу Ватан даъват карданд.

434

Сипас гуфтугӯи озоди курсантони факултети №2 бо роҳбарони номбаргардида баргузор гардид, ки бо саволу ҷавоб анҷомид.
Боиси тазаккур аст, ба тарбияи маънавии курсантон сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, пайваста чунин вохӯриҳо созмон медиҳад, ки майли касбомӯзӣ ва ватандӯстии курсантонро боло мебарад.
Убайдуллоев Ш.Э.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика