Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муносибати дипломатӣ ва дӯстии ду кишвари бо ҳам дӯст

1392

Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид, ҳамзамон ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар даврони истиқлол на танҳо равобити судманд бо ҷаҳони хориҷ барқарор кунад, балки бо пайдо намудани равиши хоси дипломатияи худ, ки бар ҳифзи манофеи миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ асос ёфтааст, ҳамчун як кишвари фаъол ва таъсиргузор дар ҳалли масоили глобалӣ шинохта шавад.
Бояд хотирнишон сохт, ки барқарории равобити хориҷӣ ва шиносонидани Тоҷикистон чун кишвари мустақил яке аз муҳимтарин ва дар айни ҳол мушкилтарин бахшҳои давлатсозӣ дар солҳои аввали истиқлол буд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 29 сентябри соли 1993 нахустин бор аз минбари Созмони Милали Муттаҳид сухан ронда, ҷомеаи ҷаҳониро бо ҳадафи сиёсии сулҳҷӯёна ва таҳкиму тақвияти ҳамкорӣ бо кишварҳои дӯсту сулҳпарвари ҷаҳон ошно намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътироф кардани асноди робитаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, Санади хотимавии Ҳелсинки, Баёнияи Париж ва дигар санадҳо зербинои сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро бунёд намуда, эълон кард, ки инсон ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онро, сарфи назар аз мансубияти миллӣ, мазҳабӣ, нажодӣ ва ҷинсӣ, арзиши олӣ мешуморад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди сиёсати хориҷӣ ва тақвияти ҷойгоҳу нуфӯзи худ дар арсаи ҷаҳонӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардид.
Тавсеаи равобит бо кишварҳо ва созмонҳои ҷаҳонӣ бо ҳифзи манофеи миллӣ ва риояи манфиати шарикон асоси сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.
Дар зимни ин гуфтаҳо ёдрас менамоем, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон 22 октябри соли 1992 барқарор гашта, дар ҳарду давлат сафоратҳои якдигар фаъолиятро оғоз намуданд. Дар ҳолати имрӯза асоси шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро 111 созишнома ва аҳднома ташкил медиҳанд, ки аз соли 1992 то соли 2009 дар сатҳҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байнисоҳавӣ ба имзо расидаанд. Санадҳое, ки миёни ду кишвар қабул шудаанд, самтҳои муҳими ҳамкориҳоро дарбар гирифта, барои рушду тавсеаи минбаъдаи робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷорию иқтисодӣ ва ғайра, заминаи мустаҳками ҳуқуқиро ба вуҷуд овардаанд.
Санадҳои асосие, ки дар сатҳи роҳбарони ду кишвар ба имзо расидаанд, самтҳои муҳимтарини муносибатҳои тарафайнро муайян месозанд, Аҳднома дар бораи дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 4-уми январи соли 1993 ва Аҳднома дар бораи дӯстии абадӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 15-уми июни соли 2000 мебошанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дурнамои рушди иқтисодӣ, мавқеи ҷуғрофӣ ва инчунин муносибатҳои таърихан ташаккулёфтаи халқҳои ду кишварро ба инобат гирифта, ба рушду таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон таваҷҷӯҳи доимӣ зоҳир мекунад.
4-уми январи соли 1998 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати собиқ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов аз ин кишвар боздиди расмӣ ба амал овард. Ин боздид ба раванди густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон такони нав бахшид. Дар натиҷаи ин сафар, аз ҷумла 4 ҳуҷати байниҳукуматӣ ба имзо расид. Сафари Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон У.С. Султонов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 4-уми феврали соли 1998 сурат гирифт, ки зимни он байни ҳукуматҳо ва вазоратҳои ду кишвар 9 санади дуҷониба, аз ҷумла, Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи оқилонаи захираҳои обию энергетикӣ ба имзо расид, ҳамчунин идомадиҳандаи ин раванд ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳо гардид.
Дар ин замина баргузории вохӯрии дуҷонибаи президентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар доираи ҷаласаи сарони кишварҳои аъзои СҲШ, инчунин мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳошияи ҷаласаи ШВКХ СҲШ дар ш. Тошканд омилҳои таҳкимбахши самтҳои сиёсию иқтисодии ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соли 2010 ба шумор меравад. Зеро дар ин вохӯриҳо маҷмӯи васеи масъалаҳои дуҷониба, аз ҷумла, оид ба энергетика, фаъолияти инфраструктураи нақлиётии байнидавлатӣ, инчунин амнияти минтақавӣ ба таври муфассал мавриди муҳокимаю баррасӣ қарор гирифт.
Қобили зикр аст, ки Ӯзбекистон дар соҳаҳои тиҷорию иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмию техникӣ ва дигар соҳаҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷониба яке аз шарикони асосии Тоҷикистон мебошад ва пайрав ба ин, падидаҳои мусбии зикргардида умеди мардуми ҳарду кишварро ҷиҳати ба сатҳи сифатан нав баромадани раванди муносибатҳои тарафайн ва тавсеаи он беш аз ин қавӣ мегардонад.
Дар 9-10-уми марти соли 2018 нахустин сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар ҷараёни он тақрибан ҳамаи масъалаҳои ҳалталаби муносибатҳои дуҷониба ҳаллу фасл шуданд. Ҷонибҳо тамоми масъалаҳои сарҳадиро бартараф намуда, ба тавофуқ расиданд, ки низоми раводидро барои сафарҳои мутақобилаи шаҳрвандони ду кишвар ба муддати то 30 рӯз бекор кунанд. Фаъолияти комили гузаргоҳҳои сарҳадии давлатиро дар марзи байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барқарор намуда, робитаҳои нақлиётӣ ва коммуникатсионии дуҷониба, аз ҷумла дар қитъаи роҳи оҳани Ғалаба-Амузангро барқарор сохтанд. Масъалаҳои соҳаҳои амният ва мудофиа, ҳамкориҳои фарҳангию гуманитарӣ, инчунин истифодаи муштараки захираҳои обӣ-энергетикӣ ва таҳкими робитаҳои байниминтақавиро ҳал намуданд.
Дар 17-18-уми августи соли 2018 сафари давлатии ҷавобии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид ва он тавофуқоти қаблан ҳосилшударо устувортар намуд. Дар рафти сафари мазкур Созишномаи шарокати роҳбурдӣ ба имзо расид, ки он дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро ба сатҳи сифатан нави ҳамкорӣ баровард.
Дар чаҳорчӯби ду сафари таърихӣ - сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон (9-10-уми марти соли 2018) ва сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон (16-17-уми августи соли 2018) ҳамагӣ 53 санади дуҷониба ба имзо расид.
Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, 10-11-уми июни соли 2021 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Муносибатҳои муваффақонаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба ташаккули фазои нави ҳамкорӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат намуда, дар робита бо ин, идомаи таҷрибаи баргузории ҳарсолаи мулоқотҳои машваратии Сарони давлатҳо ва машваратҳои ниҳодҳои сиёсати хориҷии кишварҳои минтақа дар сатҳҳои гуногун аҳамияти хос дорад.
Сарони кишварҳо 10-уми июни соли 2021 ба истифода додани маҷмааи тиббӣ дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки Ҷумҳурии Ӯзбекистон бунёд кардааст, инчунин мактаби таҳсилоти умумӣ дар ноҳияи Ургути вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистонро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст, истиқбол намуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда боз ҳам нақшаҳои хубе нисбати кишварҳои ҳамсоя барои рушди устувор ва ҳамкории сиёсӣ дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона давлат ва Ҳукумате мебошад, ки сулҳу субот ва ободии кишварҳоро хусусан осиёи миёнарог дорад. Ҳамеша кушиш ба харҷ медиҳад, то дар ҳалли мушкилотҳои гуногуни минтақа ва ҷаҳон нақши худро гузорад.

Каримов Раҳим, н.и.ф.,

декани факултети филологияи

Шарқи ба номи Имоми Аъзам – Абӯҳанифа




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика