Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Манфиатҳои миллӣ дар раванди соҳибистиқлолӣ

1341

Манфиатҳои миллӣ бар пояи мероси фарҳангӣ ва арзишҳои маънавии халқи тоҷик асос ёфта, манфиатҳои ҳаётан муҳими шаҳрвандон, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятиро ташкил медиҳанд ва ба ҳимояи истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон нигаронида шудаанд.
Бинобар ин, манфиатҳои миллӣ ҳамчун маҳаки ташкилкунандаи давлат аз рӯи чунин меъёрҳо фарқ мекунад: аз рӯи дараҷаи умумият: шахсӣ, гурӯҳӣ ва ҷамъиятӣ; аз рӯи самт: иқтисодӣ, сиёсӣ ва маънавӣ; аз рӯи характери субъект: миллӣ, мазҳабӣ, иҷтимоӣ; аз рӯи дараҷаи даркшавандагӣ: стихиявӣ ва ё дар асоси барномаи амалкунанда; аз рӯи имкониятҳои иҷрошавандагӣ: воқеъӣ ва ғайривоқеъӣ (хаёлӣ); аз рӯи ҷараёни тараққии ҷомеа: пешқадам, зараровар ва қафомонда.
Баъзан тадқиқотчиёни дигар чор манфиати миллии дарозмӯҳлатро нишон медиҳанд: талабот ва ҳимояи ватан, баланд бардоштани некӯаҳволии иқтисодии миллат, барпо намудани тартиботи мусоиди ҷаҳонӣ ва паҳн намудани арзишҳои демократӣ.
Баъдан чор дараҷаи баҳодиҳии манфиатҳоро пешниҳод менамоянд: манфиатҳои ҳаётан муҳиму зарурӣ, ҳаётан муҳим, муҳим ва музофотӣ. Ин чор манфиати асосии таркибии миллӣ проблемаҳои дарозмуҳлате мебошанд, ки дар шуури ҷомеа ва ҳангоми тақсим намудани захираҳои ҳукуматӣ байни якдигар рақобат мекунанд. Давраҳои афзоиш ва кам шудани аҳамияти онҳоро на ба моҳу солҳо, балки ба даҳсола чен мекунанд. Илова бар ин, то он вақте, ки роҳбарони сиёсӣ бо забони манфиатҳои миллӣ ва афзалиятҳои миллӣ гап заданро давом медиҳанд, олимон ва тадқиқотчиён бояд ин мавзӯъро аз мадди назар дур насозанд, балки баъзе вазифаҳои муайян намудани чунин манфиатҳоро ба зиммаи худ гиранд.
Ҳамин тариқ, раванди соҳибистиқлолӣ дар шароитҳои харобшавии сохти тоталитарӣ дар Тоҷикистон хеле мушкил мегузашт. Ин ҷо нақши шароит-сабабро ташаннуҷи бӯҳрони иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсӣ, ноумедӣ аз арзишҳои пешинаи маънавӣ ва ғоявӣ густариши сарҳадот, озодбаёнӣ ва озодии маънавӣ ва ғайра боздидаанд. Ҷанги шаҳрвандӣ ҳамчунин бо таҷаммӯи сабабҳо вобаста буд. Дар байни онҳо парокандашавии пурраи Иттифоқи Шӯравӣ, ки намояндагони кишварро ба ҳаёти мустақилона нишон дод, ҷамъияти анъанавӣ, ки дар он нақши бузургро робитаҳои маҳалпарастӣ (минтақавӣ) ва қавмӣ, муборизаи элитаи кӯҳнаву нав барои ҳокимият ва интернатсионализатсияи муноқиша, нақши муҳим мебозад. Дар якҷоягӣ ҳамаи ин омилҳо сохт ва динамикаи муноқишаи байни тоҷикон ва ҳамчунин мушкилоти бо натиҷаҳои сиёсӣ-иҷтимоии он вобастаро пайдо мекарданд.
Аммо, барои он, ки иқтисодиёти кишварро аз нуқтаи сокит ба ҳаракат орем, кӯшишу ғайрати зиёде зарур шуд, ки пештар ба назар мерасид. Оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ барои ба кор андохтани иқтидори давлат ва ташкили сохтмони объектҳои ба давлат ниҳоят зарур мамоният мекарданд. Ба ҳар ҳол Ҳукумати Тоҷикистон тавонист дар ин самт ҳам рахна эҷод кунад. Дар нимаи дуюми солҳои 1990 дар ҷумҳурӣ раванди бунёдкорӣ шурӯъ шуд, ки дарҳол ба шароити одамони оддӣ асар кард. Сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Хоруғ-Кулма-Қароқум, нақби Анзоб, НОБ-и Сангтӯда, азхудкунии кони гази Хоҷасартез ва Хоҷабоқирғон, сохтмони фурӯдгоҳи Кӯлоб ва таъмиру азнавсозии фурӯдгоҳи Душанбе ва Хуҷанд, барқарорсозии роҳи оҳани Вахш-Ёвон шурӯъ шуд. Як қатор объектҳои саноатии хурду калон дар деҳаҳо, шаҳрҳо ва вилоятҳо таъсис гардиданд, таъмир ва нигоҳдории хонаҳои истиқоматӣ сар шуд, барқароркунии роҳҳои харобкардашуда ва пулҳо, махсусан дар водиҳои Рашт ва Вахш. Ғайр аз ин даҳҳо муассисаҳои муштарак бо кишварҳои хориҷӣ дар тамоми ҳудуди ҷумҳурӣ барпо гардиданд.
Таҷрибаи гурӯҳи мамлакатҳои рӯ ба инкишоф собит менамояд, ки ҳизбҳои сиёсии халқӣ ё демократӣ бештар манфиатҳои оммаи мардумро пуштибонӣ менамуданд ва аз ин сабаб аз тарафи аҳолӣ дастгирӣ меёфтанд. Аз ин ҷост, ки дар ташхиси пешрафти ҷомеа нақши асосӣ марбути онҳо буд.
Тавре маълум аст, буҳрони сохти иқтисодии аввала ду мавҷи муҳоҷирати солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва пас аз ҷанг аз Тоҷикистон ба Федератсияи Россия, ба Афғонистон ва ҷумҳуриҳои дигари Осиёи Миёна нишон доданд, ки муҳоҷирати оммавӣ боз як муаммои амниятӣ мебошад. Ин муаммо пеш ба рӯзномаи масъалаҳои амният дохил карда нашуда буданд, чунки вай аниқтараш масъалаи ҳифзи ҳуқуқӣ ба ҳисоб мерафт.
Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ масъалаҳои аз ҳама душвор дар соҳаи ҷараёни муҳоҷират густариш ёфтаанд. Ҳатто бе назардошти оне, ки Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июни соли 2000, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба муҳоҷират” қабул шудааст ва Хадамоти давлатии муҳоҷират дар назди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда буд, ҳоло ҳам баъзе тарафҳои ҳуқуқии масъалаҳои муҳоҷиратӣ коркард нашудаанд. Ба ҳар сурат, баргаштани муҳоҷирони гуногун аз кишварҳои дигар, ки аксари онҳо муҳоҷирони “иқтисодӣ” мебошанд, аз худ масъалаи афзуншавии амниятро зоҳир менамояд. Умуман, инкишофи вазъияти муҳоҷират ба оромӣ ва аз ин рӯ, ба амният низ таъсири калон мерасонад.
Бо ҳамин зайл, масъалаҳои гуногуни иҷтимоию сиёсие мавҷуданд, ки барои ҳалли онҳо на танҳо проблемаҳои иқтисодӣ, балки дарки истиқлолияти сиёсӣ лозим меояд. Махсусан, масъалаи мақоми миллати номдор, ки яке аз душвортарин проблемаҳо ба шумор меравад, бояд мавқеи худро муайян намояд. Дар ин раванд муҳимтарин масъала бояд худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ барои ваҳдату якпорчагии Тоҷикистон бошад. Миллати номдор дар ҳар сурат бояд дар гирду атрофи хеш дигар ақаллиятҳо ва бошандагони Тоҷикистонро муттаҳид намуда, ҳувияте барпо намояд, ки боиси рушду ифтихор гардад. Дар ин сурат ҳар гуна дахолати хориҷию мазҳабӣ, динию ифродгароӣ наметавонад мақсадҳои ғаразнокеро дар кишвари мо амалӣ гардонанд.
Тоҷикон воқеъан мардуми озода ва озодпараст буда, барояшон Истиқлолият бузургтарин арзишест, ки онро чун гавҳараки чашм парсатиш менамоянд ва ба он ифтихор доранд. Истқлолият ин асоси давлатдориест, ки солиёни дароз миллати тоҷик онро интизорӣ мекашид. Бинобар ин дигар ҳеҷ як қувваи носолим ва пастию баландии ҳаёти иҷтимоӣ наметавонад, ки ин ғояи бузурги миллии моро халалдор намояд. Истиқлолият дурнамои рушду инкишофи миллату кишвари мо ва ояндаи дурахшони ин сарзамин аст. Бинобарин аз замони фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба даст овардани истиклолияти том мархилаи нави худшиносии милли оғоз ёфт. Худи худшиносӣ ин воситаи муҳиме барои ба маънавият расидани инсон аст.
Истиқлолияти бадаст омада низ дар ин муддат пояҳои худшиносии миллиро мустаҳакам намуда, мардумро ба бунёдкориву якпорчагӣ равона намудааст. Акнун барои шакли пурра гирифтани истиқлол омилҳои дигаре низ лозим меоянд. Масалан, Тойнбӣ яке аз машҳуртарин таърихшиносони дунё дар мавриди шакл гирифтани тамаддун чунин мегуяд: «Тамаддун замоне шакл мегирад, ки тамоми корҳои ақлонии як миллат ба сурати одат дарояд». Ҳамин тавр оҳиста-оҳиста истиқлолият ҳам бояд барои мо одат шавад. Хулласи калом мо бояд бо кадом роҳу усуле набошад муҳтавои асосии истиқлолияти сиёсиро ба мардум биомӯзем ва тамоми дастоварду арзишҳои миллиро ба истиқлоли том вобаста донем.

Одиназода Қурбоналӣ, сокини шаҳри Кӯлоб




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика