Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Истиқлолияти давлатӣ барои дарки худшиносии миллӣ тамоми шароитҳоро ба вуҷуд овард

1004

Рисолати таърихии дин ваҳдат ва суботи ҷомеа мебошад, на тафриқаандозӣ байни уммати исломӣ. Пас ҳар шахси бедордил ва ватандӯст ба саволе рӯ ба рӯ мегардад, ки ӯро ором гузошта наметавонад.
Чаро гурӯҳҳои экстремистию террористӣ ба хотири тафриқаандозии миллату дин аз номи шариат сухан мегӯянд ва боз баъзе ҷавонон ба хотири ислом ба онҳо мепайванданд? Мехоҳанд сабаб ва иллати онро бифаҳманд, ки чаро ҷавонони тоҷик фирефтаи бадхоҳони миллат гардида, ба оромиву осоиш, суботу амнияти ҷомеа халал ворид кардан мехоҳанд? Ҳол он, ки дини мубини ислом ҳамагуна тундравӣ, бадбиниву хушунат ва ҷангу ҷидолро, ки ин гурӯҳҳо таблиғ месозанд, шадидан маҳкум менамоянд. Истиқлолияти давлатӣ бошад, барои дарк ва решадор гардидани худшиносии миллию динӣ тамоми шароитҳоро ба вуҷуд овард.Тамоми мутафаккирону донишмандон, шоирону нависандагони классику муосири тоҷик бошанд, тарғибкунандаи суҳу дӯстӣ буданд, чунонки Ҳофизи Шерозӣ мефармояд:

Дарахти дӯсти биншон, ки коми дил ба бор орад,
Ниҳоли думанӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.

Инчунин шоири забардасти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон ва Раиси Анҷумани дӯстии халқҳои Осиё ва Африқо дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ устод Мирзо Турсунзода гуфта буд:

Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.

Пас, гузаштагони миллати мо ҳамеша таранумгари сулҳу ваҳдат буданд, хушбахтии миллат ва ободиву озодии кишварро дар рафоқат, меҳрубонию нармдилӣ, ҳамзистию бародарӣ, таҳаммулгароӣ ва хушбинӣ медиданд. Диндории мо ҳеҷ гоҳ ба илму маорифпарварии мо ихтилоф намеварзид, баръакс ҳама оятҳои қуръонӣ, аҳодиси набавӣ мусулмононро ба омӯхтани илму дониш даъват намудаву мардуми мусулмони мо аз ин сарчашмаҳои асил босамар истифода мекарданд. Китобхонаҳо ташкил мегардид. Ҳамин буд, ки ин миллат Рӯдакию Фирдавсӣ, Берунию Ибни Сино, Фаробию Хоразмӣ, Хайёму Закариёи Розӣ ва дигар нобиғаҳоро ба дунё овард, ки таълифоти эшон дар хизмати ҷаҳониён қарор дорад. Аммо ин ҷараёнҳои ифротгаро ба ҷуз қатлу ғорат, рехтани хуни мусулмон, овораю дарбадар ва ба бурдаи нон муҳтоҷ намудани мусулмонон кореро то имрӯз анҷом надодаанд, балки он ҳама арзишҳои волои исломиро, муқаддасоти динию фарҳангиро, ҳар куҷо буданд, барҳам заданд.
Бори дигар Пешвои миллат дар Паёми худ таъкид намуданд, ки : «Зуҳуроти терроризм ба суботу амният хавфу хатари бениҳоят зиёд дорад ва террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад». Хусусан имрӯзҳо дар қаламрави Афғонистон пайдо шудани террористон ҳеҷ фарди Тоҷикистонро бетафовут ва бетараф гузошта наметавонад, чунки давлати ҳамсоя бо мо марзи тӯлонӣ дорад, агарчи мо бо ҷавонони далеру ғаюр ва ҳомиёни сарҳадоти давлатиамон эътимоди комил дорем.
Имрӯз дигар он тарз ва шакли ҷангҳои классикӣ, ки дар рӯ ба рӯи якдигар саф кашида ҷанг мекарданд, аз байн рафта истодааст. Ҷаҳонро ҷангҳои иттилоотӣ, биологӣ, атомию кимиёӣ ва кайҳонӣ фаро гирифтааст. Онон ақидаҳои террористии худро чун вирусҳо дар ҷангҳои биологӣ бо ҳар роҳу восита мехоҳанд байни мардуми мо, хусусан ҷавонон, ки аз ҳама қисмати осебпазиранд, паҳн намоянд, ки оқибати он чӣ душвориҳоеро барои ин миллату давлат ба бор меорад, гуфтан душвор аст. Дар баробари ин, давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон тамоми чораҳоро баҳри донишандӯзиву касбомӯзӣ, дастгирии ҷавонони лаёқатманду мутахассисони соҳибистеъдод, фароҳам овардани ҷойҳои кориву сохтани майдончаҳои варзишии нав ба нав меандешанду онҳоро амалӣ менамоянд. Ҳар яки моро, хусусан калонсолони рӯзгордидаро лозим аст, ки аз нигоҳи исломӣ фаҳмонда тавонем, то ин ки ҷавонони мо фирефтаи суханони фаъолон ва пайравони гурӯҳҳои тундгаро нагарданд ва ба доми онҳо наафтанд. Масъулияти падару модар ва муаллимонро дар таълиму тарбияи фарзанд ва шогирд баланд бояд бардошт. Робитаи мактабро бо оила ҷоннок ва мустаҳкамтар намуда, иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро ба сатҳи зарурӣ баланд барем. Дар ин радиф масъулиятшиносии муаллимон дар баробари таълиму тарбияи хонандагон бояд пурзӯр бошад.
Миллати тоҷик бисёр мардуми ба ору номус ва дорои худшиносии воло мебошад. Онҳо дар муқобили душманони худ дасту по, тану бадан ва ҷонро аз даст додаанд, вале то имрӯз забон, миллат ва мазҳабро не. Онҳо ин се чизро муқаддас медонанд ва ин се муқаддасотро дар мафҳуми Ватан ҷой медиҳанд.
Пайғамбар (с.а.) бунёдгузори ислом буд, вале тамоми ақоид ва сухани ӯ тавассути намояндагони миллати тоҷику форс мавриди баҳрабардории ҷаҳониён қарор гирифт. Ба шаш муҳаддиси бузург нигоҳ кунед: Имом Бухорӣ, Имом Муслим, Имом Тирмизӣ, Имом Абудовуд, Имом Насоӣ ва Ибни Моҷа, ки ҳама аз миллати тоҷик буданд. Аввалин имоми соҳибмазҳаб Имоми Аъзам (р) буданд, ки он кас низ тоҷик буданд. Пас ислом дар тӯли ҳазор сол як қисми таркибии фарҳанги миллии мо гашта, ҳеҷ кас наметавонад, онро аз ин мардум ҷудо созад. Ҷавонони имрӯзаро бинед, аз он ки масалан, Дилшод Назаров қаҳрамони олимпӣ ва Беҳрӯз Хоҷазода қаҳрамони ҷаҳон гардиданд, ба ғайр аз фараҳу шодӣ ашк аз чашмон ҷорӣ мегардад. Ин чӣ маъно дорад? Ин ҷо ҳиссиёти динию миллӣ якҷоя шуд. Таъсири ин бештар гашт. Ҳам рӯҳу ҳам танро такон дод. Ин ҷо ду қувва ба ҳам омаданд, дину имон ва қувваи миллату Ватан. Ҳеҷ гоҳ ин ду қувваро аз якдигар ҷудо кардан мумкин нест, ки ин боиси заифию шикастапазирии мо мегардад.
Мутаассифона, яке аз мушкилоти ҷиддие, ки дар замони муосир домангири ҳамаи миллату тамаддунҳо гардидааст, ин зуҳури ҳар гуна ҳизбу равияҳои ифротӣ, ки бо сӯистифода аз таълимоти ноби исломӣ муҳаммадӣ ғаразҳои гурӯҳҳии худро бароварда месозанд, ба ҳисоб меравад. Дар ин самт, пешгирии ҷавонону наврасон аз шомилшавӣ ба чунин ҷараёнҳои тундгаро бояд яке аз ҳадафҳои аслии ҷомеаҳо маҳсуб шавад ва зимнан, яке аз роҳҳои пешгирии ҷавонон аз пайвастан бо ин гуна ҳизбу ҳаракатҳо ин холӣ нагузоштани фазои иттилоотии кишвар, роҳҳои баланд бардоштани зиракии сиёсӣ, савияи дониши диниву дунявӣ ва мазҳабии ҷавонон дар низоми давлати дунявӣ мебошад. Чуноне дар боло гуфта гузаштем, он эътиқоди диние, ки мардуми мо доранд, душманони миллати мо баъзан аз фазои холии динию мазҳабии мо имкон намуда, ба муқобили мо истифода хоҳанд кард, чи аз тариқи шабакаҳои интернетӣ ва чи аз роҳҳои дигар.
Бо дарназардошти ҳалли чунин мушкилоти ҷойдошта, Пешвои муаззами миллати мо аз худ ташаббуси беназир нишон дода, дастур доданд, то «Қуръони Карим», «Тафсири Табарӣ», «Саҳеҳ»-и Имом Бухорӣ «Эҳёи улуми дин», «Кимиёи саодат»-и Имом Ғазолӣ, «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Балхӣ, «Ҳидоя»-и Бурҳонуддини Марғелонӣ тарҷума ва нашр гарданд. Гузашта аз ин, ба хотири арзишҳои мазҳабӣ бо ибтикори Пешвои миллат 1310-солагии Имоми Аъзам таҷлил гардид…
Пас, бояд руирост иқрор шавем, ки маҳз бо хизматҳои Пешвои муаззами миллат халқи тоҷик ба шинохти асолати мазҳабӣ даст ёфт. Мо бояд ҳамеша ба қадри мехнатҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бирасем ва дар паҳлӯи Роҳбари давлат бошем.
Бо кӯшишҳои пайгиронаи Сарвари давлат миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуда пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандӣ падидор аст. Ваҳдат-беҳтарин неъмат, таҳкими давлат ва наҷоти миллат дар ҳар давру замон аст. Танҳо бо ваҳдат ва меҳнати якдилона мо метавонем ба қуллаҳои баланди давлатдорӣ расем.

Кароматулло Абдуллоев
СХДО ВКД ҶТ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика