Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Худдорӣ аз падидаҳои номатлуб

Дар охири асри 20 ва ибтидои асри 21 инсоният ба хатари ҷиддие мисли ифротгароӣ ва терроризм рӯ ба рӯ шуд, ки ба ҳастии оламу одам таъсири манфии худро расонида истодааст. Албатта, аз таърих хуб огоҳ ҳастем ва медонем, ки экстремизм ва терроризм падидаи нав нестанд. Аз аҳди қадим то давраи нав, ҳам одамони алоҳида ва ҳам гурӯҳҳои манфиатҷӯ ба воситаи тарсонидан, таҳдид намудану даҳшатафканӣ мақсадҳои нопоки худро болои дигарон бор менамуданд, ки дар натиҷа одамони бегуноҳ ҷони худро аз даст медоданд. Ин раванд то рафт реша давонида, падида ва хусусиятҳои навро касб намуд. Яъне амалҳои экстремистӣ ва террористӣ бештар характери сиёсӣ гирифта доираи амалиётҳо васеъ гардиданд. Дар баробари рушд ва инкишоф ёфтани техника ва технологияи нав шаклу намудҳои нави терроризм (аз ҷумла кибертерроризм) ба вуҷуд омаданд, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ором гузошта наметавонад.

Имрӯзҳо ифротгароӣ ва терроризм тамоми кишварҳои дунёро фаро гирифта, террористон амалҳои нопоки худро зери ниқоби дини мубини ислом содир мекунанд. Яъне онҳо худро ҳамчун рӯҳонӣ нишон дода, кору амалашон танҳо ва танҳо иснод овардан мебошад. Ҳамагон аз сайтҳои интернетӣ ва рӯзномаю маҷалаҳо хуб огоҳӣ меёбанд, ки дар шароити муосир созмонҳои ғайриқонунӣ, гурӯҳҳои фитнаафкану моҷароҷӯ ва шахсони рӯҳияи террористидошта фаъолияти худро шиддат бахшида, аз роҳу воситаҳои зиддиинсонӣ, зиддиахлоқӣ бо бераҳмии том истифода мекунанд. Авҷи ифротгароӣ ва терроризм ҷомеаи ҷаҳониро ба хулосае овард, ки бо ин зуҳуроти номатлуб бояд дастаҷамъона мубориза бурд. Имрӯз дар ҳама давлатҳои ҷаҳон баҳри мубориза ба муқобили терроризм қонунҳои зиёде қабул гардидаанд. 

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1993 Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» ва соли 2003 Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза бар зидди ифротгароӣ» қабул шудааст, ки дар онҳо мафҳумҳои асосӣ ва самтҳои асосии мубориза бар зидди ин зуҳурот муайян шудаанд, ки ба талаботи санадҳои байналхалқӣ ҷавобгӯ мебошанд.

Боиси таассуф аст, ки ҳамарӯза аз тариқи васоити ахбори омма мешунавем, ки дар ин ё он давлати мусулмонӣ амали террористие рух додаасту теъдоди зиёди одамони бегуноҳ, бахусус кӯдакону ҷавонон қурбонӣ шудаанд. Бояд дар ёд дошта бошем, ки ифротгароӣ ва терроризм падидаҳое мебошанд, ки дар ҳама давру замон ба инсонҳо хавфу хатари ҷиддиеро ба миён овардаву меоранд. Барои мубориза бурдан бо ин падидаҳои зишт дастаҷамъона мубориза бояд бурд. Тадқиқотҳо гувоҳанд, ки аксаран вақт нафароне барои содири амалҳои террористӣ ҷалб мегарданд, ки ҷавонанду дорои саводи паст ё ин ки умуман, аз таҳсил дур мондаанд. Аз ин лиҳоз, моро мебояд, пайваста дар пайи омӯзиш ва аз бар кардани донишҳои замонавӣ бошем ва ҳеҷ гоҳ майли ворид шудан ба ин ё он гурӯҳу созмонҳои ифротиро накунем, ки бешак ин худ як навъ пешгирӣ ва зарбаи сахтест ба ҳадафҳои нопоки афроде, ки ин гурӯҳу созмонҳоро сарпарастӣ ва роҳбарӣ мекунанд. 

Мо бояд шукргузор аз он бошем, ки дар фазои сулҳу ваҳдат ҳаёти осоишта ба сар мебарем ва меҳнату талоши худро пайваста барои андӯхтан ва аз бар кардани донишҳои замонавӣ равона созем ва ҳеҷгоҳ роҳ надиҳем, ки моро барои ворид шудан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳое, ки мақсадашон халалдор намудани фазои сулҳу субот, барангехтани кинаю адоват, ифротгароӣ ва терроризм аст, ҷалб намоянд, яъне аз ин зуҳуроти номатлуби аср худдорӣ бояд намоем. 

Мақсади аслии терроризм заиф намудани ҳокимият, манфур нишон додани чеҳраҳои гуногуни сиёсӣ дар дохили як кишвар ва ба даст овардани ҳокимият мебошад.

Имрӯз терроризм на танҳо ба ҳаёти инсонҳо, балки ба тинҷию оромӣ ва ободии хонадони халқ ва соҳибихтиёрии давлат таҳдид дорад. 

Ҳифзи Ватан, посдории арзишҳои миллӣ, фарҳангу маънавиёт ва ояндаи давлат аз ин зуҳуроти манфии ҷаҳонишуда, вазифаи муқаддаси ҳар фарди ватандор мебошад.

Беҳрӯз Мирзораҳимов, омӯзгори МТМУ №142-и                                                   шаҳри Ҳисор.

Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика