Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ашт: Вохӯрӣ бо мақсади фаҳмонидани моддаҳои алоҳидаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

587

Санаи 30 июни соли 2018 мулоқоти сардори шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили РМЗҶМ ВКД дар вилояти Суғд майори милитсия Раҳимзода Шуҳрат Раҳмон бо сокинони ноҳияи Ашт дар маҷлисгоҳи ноҳия доир гашт. Дар вохӯрӣ раиси ноҳия Зариф Мирдадо, раисони ҷамоатҳо, фаъолон, ходимони дин, шаҳрвандоне, ки фарзандонашон дар муҳорибаҳои ҷангии дигар давлатҳо иштирок доранд ё барои содир намудани ҷиноят дар кофтуков қарор доранд, иштирок намуданд.
Раиси ноҳия иқдоми мақомоти корҳои дохилиро, ки мақсади он пешгирӣ аз шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва сарҷамъии миллат аст ба маврид хонда, ҳамкорӣ бо мақомотро яке аз роҳҳои ҳалли ин мушкилӣ унвон кард.

588

Сипас Шуҳрат Раҳимзода мақсади чорабиниро шарҳ дода, аз хавфу хатарҳои пешгӯинашавандаи экстремизму терроризм, талошҳои Роҳбари олии кишвар дар самти пешгирӣ ва барҳамзании ин гуна зуҳуроти ба оромию субот халал воридкунанда ҳарф зад. Таъкид гардид, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз дараҷаи хавфнокии ҷиноятҳо ба муқобили амнияти ҷамъиятӣ, асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат сабукиҳоеро муқаррар кардааст, ки дар сурати ихтиёран даст кашидан аз чунин фаъолиятҳои ғайриқонунӣ шахсро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод мегардонад.
Тавре дар вохӯрӣ зикр гардид на ҳама шаҳрвандон аз мазмуни эзоҳи моддаҳои алоҳидаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳӣ доранд. Ва аз таъсири овозаҳои беасос, тарси ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб гардидан солҳои тулонӣ ҳаёти худро дар мусофират гузаронида, дар баъзан мавридҳо мавқеи худро байни гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ё террористони ашадӣ меёбанд. Вақти он расидааст, ки мо пеши роҳи ингуна падидаҳои нороҳаткунандаро гирифта ҳамватанонро ба ҳаёти осоишта баргардонем, иброз дошт Ш.Раҳимзода.

589

Якчанд сокинони ҷамоатҳои деҳоти Ашт, Понғоз ва Ифтихори ноҳияи Ашт аз тарафи масъулини РМЗҶМ ВКД ба Ватан баргардонида шуданд. Баъзе аз онҳо дар кофтукови расмӣ қарор доштанд новобаста аз ин онҳо аз ҷавобгарӣ озод ва ба зиндагии осуда расиданд. Обидҷонов Рафиз сокини ҷамоати деҳоти Ашти ноҳия, ки дар вохӯрӣ иштирок дошт ба сухан баромада аз сарнавишти худ ба ҳозирин маълумот дод. Нисбати номбурда соли 2016 барои фаъолият дар ташкилоти экстремистӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ӯ дар феҳристи кофтуковшавандагон меистод. Чун дар хусуси сабукиҳои қонунҳои амалкунанда маълумот гирифт ба Ватан баргашт, ки боиси ба пуррагӣ озод шудан аз ҷавобгарӣ гардид.
Роҳбарияти шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили РМЗҶМ ВКД дар вилояти Суғд тасмим дорад, ҳамингуна вохӯриҳоро бо сокинони дигар шаҳру ноҳияҳо баргузор намояд.
Акбар Шарифов, капитани милитсия




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun2

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика