Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғолибияти соҳибистеъдодҳо дар озмуни «Тоҷикистон - Ватани азизи ман»

IMG 5906

Дар маҷлигоҳи ВКД миёни кормандони ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ маросими ҷамъбастии озмуни “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” баргузор гардид.

Нахуст, муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори хизмати дохилӣ Нозим Иброҳимзода иброз намуд, ки баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон - Ватани азизи ман”, «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм - фурӯғи маърифат» аз иқдомҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Хусусан, озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» бо Амри Президенти мамлакат дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ, баланд бардоштани маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд гузаронида мешавад.
Бо мақсади кашфи истеъдодҳо дар байни кормандони мақомоти корҳои дохилӣ доир намудани ин озмун, тибқи талаботи фармоиши Вазири корҳои дохилӣ таҳти №230 аз 30 марти соли 2021 аз рӯйи номинатсияҳои оҳангсозӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ ва рақс дар ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ баргузор гардиданд.
Бояд зикр кард, ки иштирокчиёни озмун аз рӯйи ин номинатсияҳо иштирок карда, ба ҳакамон асарҳое пешниҳод карданд, ки фарогири зебоиҳои табиати Тоҷикистон, васфи Ватан, сулҳу субот ва якпорчагии кишвар, ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Садаро дар бар мегирифт. Асарҳо дар шакли якка ва гурӯҳӣ пешкаш гардида, ғолибон бо донишу маърифат, ҳунару истеъдоду заковати хеш дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, ватанпарастӣ, садоқат ба Ватан-Модар ва инкишофи ҷомеаи воқеан ҳуқуқбунёд саҳми арзанда мегузоранд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” дар ВКД аз рӯйи номинатсияҳои оҳангсозӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ ва рақс зиёда аз 40 нафар кормандон ва курсантон иштирок намуданд.
Дар охир ба ғолибон барои сазовор гардидан ба ҷойҳои намоён аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро Ифтихорнома ва мукофотпулиҳо тақдим гардид.
IMG 5848

IMG 5815

 

Тоҷиддин ЛАТИПОВ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

qonu

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика