Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо муовини Котиби генералии СААД

0-02-04-38cb9028163bcb720b9512dd6d97be4ee8d684a439633803aeefbb0a11ec0b42 7e131b76f63effbc

20 ноябри соли 2021, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо муовини Котиби генералии Созмони Аҳдномаи Амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Семериков Валерий Анатолевич вохӯрӣ доир намуд.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба машқҳои махсуси тактикӣ зери унвони "Кобалт-2021", ки дар машқгоҳи саҳроии «Фахробод»-и ноҳияи Хуросон баргузор гардиданд, ибрози назар намуданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳоро дар соҳаи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва мубодилаи иттилоот мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини Котиби генералии СААД ҷиҳати тақвияти робитаву ҳамкориҳо дар самтҳои зикршуда изҳорӣ боварӣ намуданд.

0-02-04-5b6e22596eee37338066188c92792c2c53102a510c37198603721e331170dde5 f3645a5f0d888ddc




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

qonun011

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика