Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машқҳои тактикии "Кобалт-2021" дар машқгоҳи саҳроии «Фахробод»

 viber_2021-11-18_14-40-52-270

Рӯзи 17-уми ноябри соли 2021 дар машқгоҳи саҳроии «Фахробод»-и ноҳияи Хуросон маросими кушодашавии машқҳои махсуси тактикӣ зери унвони "Кобалт-2021" дар мавзӯи «Банақшагирӣ ва гузаронидани амалиёти махсус барои нест кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ», бо иштироки воҳидҳои таъиноти махсуси вазоратҳои корҳои дохилӣ ва Қувваҳои зудамали оперативии давлатҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор гардид. Дар маросими кушодашавии машқҳои махсуси тактикӣ «Кобалт-2021» муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори хизмати дохилӣ Иброҳимзода Нозим баромад намуда, иброз дошт, ки мақсад аз баргузори ин гуна чорабиниҳои мақсаднок вобаста ба пешгирии амалҳои ҷинояткорона дар ҳудуди кишварҳои аъзо, инчунин дар ҳамкории зич қарор гирифтани мақомотҳои қудратии кишварҳо мебошад. Зикр кардан ба маврид аст, ки дар ин гуна чорабиниҳо миёни иштирокчиёни табодули таҷриба гузаронида мешавад.
Дар чорабинии мазкур намояндагони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия ва намояндагони аъзои СААД иштирок доштанд. Пас аз садо додани сурудҳои миллии кишварҳои аъзо гузашти низомӣ сурат гирифт.
Қайд кардан ба маврид аст, ки чорабинии мазкур дар машқгоҳи саҳроии «Фахробод» то 19 ноябри соли ҷорӣ идома ёфта, аз ҷараёни он иловатан иттилоъ хоҳем дод.

 viber_2021-11-18_10-21-34-671

 viber_2021-11-18_10-21-42-630

 viber_2021-11-18_10-21-48-231

 viber_2021-11-18_14-41-35-551




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

qonun011

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика