Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машқҳои махсуси тактикии “Кобалт-2021” оғоз гардиданд

1098

Аз 15 то 20-уми ноябри соли 2021 дар пойгоҳи ҳарбии «Фахробод»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон машқҳои махсуси тактикӣ таҳти унвони "Кобалт-2021" дар мавзӯи «Банақшагирӣ ва гузаронидани амалиёти махсус барои нест кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ» бо иштироки воҳидҳои таъиноти махсуси вазоратҳои корҳои дохилӣ ва Қувваҳои зудамали оперативии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) баргузор гардида истодааст.

Машқҳои махсуси тактикӣ бо мақсади мустаҳкам намудани ҳамкории байналмилалии сохторҳои қудратӣ ва низомӣ дар мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои замони муосир роҳандозӣ гардидааст.

Ҳайати намояндагони Ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия ва СААД ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Ҳамчунин воҳидҳои таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машқҳои тактикӣ фаъолона иштирок намуда, малакаю маҳорати худро такмил дода, табодули таҷриба менамоянд.

1099

Мавриди қайд аст, ки марҳилаи фаъоли машқҳои махсуси тактикӣ таҳти унвони "Кобалт-2021" рӯзи 19-уми ноябр дар назар дошта шуда, дар чорабинии мазкур роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони як қатор корпусҳои дипломатии давлатҳои аъзои СААД иштирок хоҳанд намуд.

Гул Маҳбуба




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

qonun011

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика