Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар РВКД вилояти Суғд санги асоси бинои иловагӣ гузошта шуд

IMG 7166

13 ноябри соли 2021 дар рафти сафари Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро оиди санҷиши ҳолати зимистонгузаронӣ дар тамоми сохторҳои қудратӣ дар вилояти Суғд маросими гузоштани санги асоси бинои иловагии РВКД дар вилояти Суғд бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ ва Раиси вилояти мазкур Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.
Бинои маъмурии сохташаванда аз чор ошёна бо таҳхона иборат буда, дар он тамоми инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла 45 утоқи корӣ, ошхона, меҳмонхона ва толори варзишӣ ба нақша гирифта шудааст.
IMG 7168

Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Р.Ҳ. ва Раиси вилояти Суғд Аҳмадзода Р. зимни шиносоӣ бо лоиҳаи иншооти навсохтмон ба масъулин ҷиҳати бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Ташаббуси мазкур шаҳодати ғамхорӣ ва таваҷҷӯҳи рӯзафзуни Роҳбари Давлат ва Ҳукумати мамлакат ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки бинои мазкур дар арафаи ҷашни 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2022 ба истифода дода мешавад.

 

Гул Маҳбуба, Акбар Шарифӣ.

IMG 7177

IMG 7147




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

qonun011

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика