Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мавриди истифода қарор додани бинои шуъбаи “Муҳофиза”-и ВКД дар ноҳияи Данғара

654

21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон дар маҳаллаи 15-уми деҳоти Корези ноҳияи Данғара бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ бинои шуъбаи хадамоти "Муҳофиза"-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба истифода супориданд.

Иншоот аз таҳхона ва панҷ ошëна иборат буда, дорои 40 ҳуҷраи корӣ барои кормандон, аз ҷумла ҳайати роҳбарикунанда, афсарон, шуъбаи назорати ташкилӣ, техникию муҳандисӣ, китобхона, маҷлисгоҳ бо 100 ҷойи нишаст, анбори сару либос ва дигар лавозимоти низомӣ иборат мебошад.

Ҳамзамон дар ошëнаи чоруми иншоот 4 ҳуҷра барои меҳмонон ва ошхона ҷойгир карда шудааст.

Дар назди бинои навбунëд таваққуфгоҳи воситаҳои нақлиëти хизматӣ, майдончаи варзишӣ, ошхона, суҳбаткада ва дигар иншооти ëрирасон бунëд гардид.

Ба хотири фароҳамсозии имконияти мусоиди кору фаъолият ҳамзамон системаи гармидиҳӣ, ки тавассути ангишт фаъолият менамояд насб гардидааст.

Корҳои сохтмони бинои шуъбаи хадамоти "Муҳофиза" дар ноҳияи Данғара моҳи августи соли 2019 оғоз гашта, барои бо сифати баланд ва дар муҳлати муайяншуда ба истифода додани иншоот 40 нафар мутахассиси ватанӣ ҷалб шуд.

Ҳамчунин атрофи бино ободу зебо ва иншоот чароғон карда шудааст.

Мавриди зикр аст, ки ҳайати шахсии шуъбаи хадамоти "Муҳофиза"-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара беш аз 90 нафарро ташкил медиҳад.

Бунëди иншооти замонавӣ, дастрас намудани технологияи муосир ва фароҳам сохтани дигар шароити зарурӣ дар самти ҷоннок намудани фаъолияти ҳайати шахсии шуъбаи хадамоти "Муҳофиза"-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара замина хоҳад гузошт.

51614845263 983c98ed11_c51615275039 4ee5d90ac9_c

Зимни ифтитоҳи иншоот ва мулоқот бо ҳайати шахсии шуъбаи хадамоти "Муҳофиза"-и Вазорати корҳои дохилӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати мамлакат баҳри муҳайëсозии имкони кору фаъолият, зиндагӣ ва қадршиносии кормандони сохторҳои қудратӣ ëдовар шуда,ба онҳо барои бо ҳисси баланду худшиносӣ хизмат намудан ба нафъи давлату миллат, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пойдории сулҳу субот дастуру ҳидоятҳо доданд.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

qonun011

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика