Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилӣ дар 9 моҳи соли 2021

4O6A2031

Рӯзи 16-уми октябри соли 2021 дар толори маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2021 бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, муовини якум ва муовинони Вазири корҳои дохилӣ, сардорони раёсатҳо, шуъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ баргузор гардид.

Мавриди қайд аст, ки ҷаласаи мазкур тариқи селекторӣ баргузор гардида, ба воситаи алоқаи видеоӣ кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои ҷумҳурӣ дар он иштирок намуданд.
Ҷаласаро Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро оғоз намуда, қайд кард, ки тамоми ҳайати шахсӣ ва қувваю воситаҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва мақомоти таъмини амният ҷиҳати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва бехатарии шаҳрвандон зимни баргузории ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаҳои Шӯрои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ), Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки моҳи сентябри соли равон дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе доир гардиданд, ҳамчунин дар рафти баргузории як қатор чорабиниҳои сиёсӣ-фарҳангӣ ва гузашти низомӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои ҷумҳурӣ ба хизмат сафарбар гардида, вазифаҳои худро содиқона ба ҷой оварданд.
Дар идомаи ҷаласа, Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Р.Ҳ. камбудию норасоиҳои ҷойдоштаро мавриди муҳокима қарор дода, ба тамоми сохторҳои мақомоти корҳои дохилӣ ҷиҳати пурзӯр намудани мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, дастгир намудани шахсони дар кофтуков қарор дошта, тартибу низом ва бехатарии ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард, таъмини амният, оромию осоиштагӣ, пешгирии содиршавии ҷиноятҳо ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо дастуру супоришҳои қатъӣ дод.
Дар ҷараёни ҷаласаи Мушовараи ВКД вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 9 моҳи соли 2021 муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо муфассал баромад намуда, ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолияти оперативӣ-хизматии ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ, тақвият бахшидани фаъолият дар кори мубориза бо ҷинояткории муташаккил, андешидани чораҳои мушаххас дар пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳо ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ як қатор пешниҳодҳои судманд баён намуд.
Ҳамчунин дар рафти ҷаласа, муовинони Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов, генерал-майори милитсия Раҳмонзода Саиднақш Ҳаким ва сардори Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Ҳафиззода Шодӣ Хуршед баромад намуда, доир ба натиҷаҳои хизматии самтҳои дахлдор ҳисобот доданд.
4O6A1998

Дар интиҳои ҷаласа Вазири корҳои дохилӣ ҷиҳати вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ, тозаю озода гардонидани минтақаҳои хизматӣ, гузаронидани чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ва варзишӣ бахшида ба Иди касбии кормандони милитсия – 10 ноябр, корҳои профилактикӣ-фаҳмондадиҳӣ ва омодагӣ ба зимистонгузаронӣ як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ҳамчунин аз собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ даъват ба амал оварда шуд, ки ба тарбияи кадрҳои ҷавон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоянд.
Бо ҳамин ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2021 анҷом пазируфта, фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ қаноатбахш арзёбӣ гардид.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

qonun011

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика