Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии пуршукӯҳи идона бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар ВКД

646

647Имрӯз (02.09.2021), бахшида ба истиқболи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ чорабинии пуршукӯҳи идона бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Насрулло, сардорони раёсатҳо, собиқадорон ва ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ баргузор гардид.

Ҷамъомади тантанавиро Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро оғоз намуда, ҳозиринро бо фарорасии ҷашни бузург ва муқаддаси миллӣ - 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, ба онҳо ва аҳли хонадонашон осоиши рӯзгор, оромиву осудагӣ, файзу баракати зиндагӣ ва барору комёбиҳо таманно намуд.

Вазири корҳои дохилӣ зимни суханронии худ иброз дошт, ки «Боиси ифтихору сарфарозист, ки имрӯзҳо сокинони кишвари азизамон бо ҳисси фараҳу шодмонӣ, рӯҳияи баланди идона ва корҳои созандагиву бунёдкорӣ Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро истиқбол мегиранд.
Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистони азизи мо ба дастовардҳои беназир ноил гардид. Тамоми ин муваффақиятҳо бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст».
Сипас, Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Насрулло аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва дар симои онҳо мардуми сарбаланди тоҷикро ба муносибати таҷлили 30-солагии соҳибистиқлолии мамлакат муборакбод намуда, фаъолияти ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилиро бошараф, пурифтихор ва пурҷабҳа маънидод намуд ва дар кору фаъолияти пурзаҳмати шабонарӯзӣ ба онҳо барору комёбиҳо орзу кард.
Маҳмудзода Насрулло дар навбати худ аз номи Роҳбари давлат ба кормандони Вазорати корҳои дохилӣ барои хизмати содиқонаву софдилона ва саҳми арзанда дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ мукофотҳои давлатӣ ва Ифтихорномаҳоро дар вазъияти идона тақдим намуд.
Инчунин, бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор кормандон барои хизмати арзанда ва саҳми назаррас гузоштан дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ мукофотҳои соҳавӣ ва рутбаҳои навбатӣ тақдим гардид.

651653650

Дар хотимаи ҷаласа Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро арзи сипос ва миннатдории самимии роҳбарият ва ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилиро ба Сарвари давлат барои ғамхориву дастгириҳои ҳамешагӣ расонид.

Абдулмуъмин Зайниддинзода,
Муродалӣ Саидзода.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика