Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи кории Вазири корҳои дохилӣ бо ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе

623

Имрӯз (24.08.2021), дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев дар назди Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҷаласаи корӣ баргузор гардида, дар он ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, Хадамоти давлатии «Муҳофиза», ШМЗҶМ, РХДО дар шаҳри Душанбе ва дигар сардорони раёсатҳо иштирок намуданд.
Дар рафти ҷаласа Вазири корҳои дохилӣ дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳои муҳимми сиёсии давлатӣ, таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузории ҷаласаҳои дар пеш истодаи Шӯрои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ), Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД), пешгирии хатару таҳдидҳои замони муосир, пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ба ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ расонид.
Дар рафти ҷаласа Вазири корҳои дохилӣ иброз дошт, ки имсол барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон соли таърихӣ ва хотирмон буда, мардуми тоҷик 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатиро ҷашн мегиранд. Махсусан барои мо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ соли фаромӯшнашаванда ба ҳисоб меравад, чунки дар ин чорабиниҳои давлатӣ таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон бар души мо вогузор карда шудааст. Дар ин рӯзҳо ҳар як корманди мақомоти корҳои дохилиро зарур аст, ки ба таври шабонарӯзӣ кор ва фаъолият намуда, ба ватану миллат ва давлат содиқона хизмат намояд.

624

Дар хотимаи ҷаласа Вазири корҳои дохилӣ ҷиҳати омодагии кормандони милитсия вобаста ба чорабиниҳои муҳимми сиёсии давлатӣ, тақвият бахшидани корҳои ободонию созандагӣ, тозаву озода нигоҳ доштани гирду атрофи биноҳои маъмурӣ, манзилҳои истиқоматӣ, ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷавонони фаъол ба ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилии РВКД дар шаҳри Душанбе, ХД «Муҳофиза», ШМЗҶМ, РХДО дар шаҳри Душанбе ва дигар ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

qonu

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика