Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машқҳои тактикии якҷояи сохторҳои махсуси ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой дар машқгоҳи саҳроии «Марғоб»

1902

Имрӯз (19.08.2021), дар доираи ҳамкориҳои судманд ва созишномаҳои баимзорасида байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой дар машқгоҳи саҳроии «Марғоб»-и Вазорати корҳои дохилӣ, воқеъ дар дараи Ромити шаҳри Ваҳдат, машқҳои тактикии якҷояи сохторҳои махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба мубориза бар зидди терроризм дар шароити кӯҳсор роҳандозӣ гардид.

Айни замон машқҳои тактикии муштарак бо истифода аз силоҳу муҳимоти навтарини муосир, аз ҷумла яроқу лавозимоти ҳарбӣ, танку тӯпҳои дурандоз, неруҳои ҳавоӣ, ҳавопаймоҳои бесарнишин ва артиллерияи ҷангӣ муваффақона идома доранд.
Мақсади баргузории машқҳои тактикӣ баланд бардоштани малакаи касбии кормандони таъиноти махсус, табодули таҷриба дар мубориза бар зидди терроризм дар шароити кӯҳсор ва омода намудани кадрҳои баландихтисос маҳсуб меёбад.

190319041905

Рафти машқҳои тактикии якҷояи сохторҳои махсуси ҳарду кишварро муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Раҳмонзода Саиднахш Ҳаким, намояндаи Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой Лю Юнфэн ва дигар сардорони раёсатҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ роҳандозӣ намуда, зери назорати Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро қарор дорад.
Хотиррасон менамоем, ки машқҳои мазкур аз 17-уми август оғоз гардида, то 20-уми август идома меёбанд.

Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

qonu

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика