Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ байни воҳидоти таъиноти махсуси ВКД Тоҷикистон ва Хитой

1884

Имрӯз (18.08.2021) дар варзишгоҳи "Спитамен"-и Шӯрои ҷумҳуриявии "Динамо"-и ВКД бо иштироки муовини Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Раҳмонзода Саиднахш Ҳаким маросими кушодашавии машқҳои тактикии якҷояи сохторҳои махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой дар шароити кӯҳсор оид ба мубориза бар зидди терроризм, инчунин мубориза бо дигар намудҳои ҷиноятҳои муташаккил доир гардид. Зикр гардид, ки баргузор гардидани машқҳои якҷояи тактикӣ ба он хотир рохандозӣ гардидааст, ки байни кормандони воҳидоти таъиноти махсуси милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Вазорати бехатарии ҷамъиятии кишвари ҳамсоя мубодилаи таҷриба сурат гирифта, кадрҳои баландихтисоси соҳавӣ омода гарданд.

1885188618871888

Дар идома байни намояндагони сохторҳои қудратии ин ду кишвар мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, аз қабили варзиши сабук доир гардид.
Машқҳои тактикии якҷояи сохторҳои махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

qonu

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика