Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нишасти матбуотии ВКД

613

Рӯзи 4-уми август бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, хабарнигорони матбуоти даврӣ, шабакаҳои телевизиониву радиоии дохиливу хориҷии кишвар ва роҳбарияти сарраёсату раёсатҳо ва ҷузъу томҳои Дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии ВКД дар нимсолаи якуми соли 2021 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро оғоз намуда, иброз дошт, ки иштироки фаъолонаи Шумо - намояндагони Васоити ахбори омма дар нишасти матбуотӣ далели таваҷҷуҳ ва ҳамкориҳои судмандатон ба мақомоти корҳои дохилӣ мебошад ва барои чунин робитаи боэътимод изҳори сипос намуд.
Мақомоти корҳои дохилӣ фаъолияти худро тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар санаду меъёрҳои ҳуқуқие, ки самти фаъолияти Вазорати корҳои дохилиро ба танзим медарорад, ба роҳ мондааст. Дар қатори дигар дастоварду натиҷаҳои оперативӣ-хизматӣ чун солҳои пешин кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аз ғамхорию дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳраманд гардиданд. Дар кутоҳтарин фурсат бинои нави баландошёнаи Хадамоти давлатии “Муҳофиза”-и вилояти Суғд, бинои ШВКД дар шаҳри Исфара ва бинои Маркази таълимии ВКД дар соҳили “Баҳри тоҷик” дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд бо иштироки Пешвои миллат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Биноҳои мазкур бо муосиртарин шароитҳои техникӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти хизматӣ таъмин карда шудаанд.
Ҳайати шахсӣ пайваста дар баргузории чорабиниҳои байналмилаливу давлатӣ фаъолона иштирок намуда, дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандону меҳмонон саҳми арзанда мегузоранд.
Барои дарки масъулият, садоқат ва хизматҳои шабонарӯзӣ, муборизаи фаъол бар зидди ҷинояткорӣ борҳо Пешвои миллат сипосу қадрдониҳо изҳор намудаанд, ки ин боиси ифтихору сарбаландии кормандон аст.
Ҷараёни қабул ва баррасии муроҷиати шаҳрвандон дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» аз 23 июли соли 2016 ба роҳ монда шуда, он яке аз самтҳои муҳими фаъолият дар назди роҳбарияти Вазорат ба ҳисоб рафта, дар ин раванд таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.
Чунончӣ, дар давраи сипаришуда аз ҷониби ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ муроҷиати 19 ҳазору 80 нафар шахсони воқеию ҳуқуқӣ қабул ва мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

615

Аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ 7 ҳазору 386 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.
Маълум аст, ки ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистидоштаро пайравону аъзои равия ва гурӯҳҳои террористӣ содир менамоянд.
Тибқи маълумоти оморӣ, аз ҷониби сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар 6 моҳи соли ҷорӣ 2 ҳолати сӯиқасд ба амали террористӣ ва 1 амалӣ террористӣ, инчунин 526 ҷинояти хусусияти террористӣ ва экстремистидошта муайян ва ба ҳисоб гирифта шуд.
Дар рафти чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони мақомот 143 нафар аъзои ташкилотҳои террористӣ ва экстремистиро дастгир кардаанд, ки аз ин ҳисоб 7 нафарашонро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Дар 6 моҳи аввали соли равон бо мусоидати мақомоти корҳои дохилӣ 39 нафар аъзои ташкилотҳои террористиву экстремистӣ, иштирокчиёни амалиётҳои ҷангӣ, ки дар хориҷи кишвар қарор доштанд, ихтиёрӣ ба Ватан баргардонида шудаанд.
Дар давраи ҳисоботӣ 390 ҳолати содиршавии ҷиноят аз тарафи ноболиғон ва бо иштироки онҳо ба қайд гирифта шудааст.
Ҳамчунин, дар ин давра 446 ҷиноят нисбати ноболиғон ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% зиёд мебошад.
Дар натиҷаи гузаронидани як қатор санҷишҳои муштарак дар ин давра 233 ҳолати риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба қайд гирифта шудаанд.
Ба андешаи Вазири корҳои дохилӣ таҳлили вазъи садамаҳои роҳу нақлиёт дар ҷумҳурӣ нишон дод, ки дар 6 моҳи соли ҷорӣ бар асари 472 ҳодисаи роҳу нақлиёт 159 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расида, 537 нафар ҷароҳат гирифтаанд.
Дар ҷумҳурӣ дар ин муддат 554 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 ҳолат зиёд мебошад. Дар натиҷаи ҳодисаҳои нохуши сӯхтор 3 нафар шаҳрванд ба ҳалокат расида, 53 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки яке аз сабабу омилҳои сӯхторҳои бақайдгирифташуда, ин пеш аз ҳама, риоя нагардидани қоидаҳои сохти таҷҳизоти барқӣ, нодуруст истифодабарии печҳо, оташдонҳо, кори кафшергарии газию барқӣ ва дегхонаҳову дигар ҳолатҳо мебошанд.
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД 30 чорабинии варзишӣ, 1 вохӯрӣ бо варзишгарон ва 72 бозии рафиқона аз намуди футбол ташкил ва гузаронида шудааст.
Инчунин, дар ин давра варзишгарон ва дастпарварони аъзои дастаи Шӯрои мазкур дар мусобиқаҳои сатҳи шаҳрию ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, 76 медали тилло, 29 медали нуқра ва 41 медали биринҷӣ ба даст оварданд.

614616

Дар идомаи нишасти матбуотӣ Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба суолҳои хатию шифоҳии намояндагони ВАО посух дод. Рӯзноманигорон вобаста ба мавзӯъҳои бехатарӣ дар марз ва ҳолати омодабошии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, тадбирҳои судманд дар самти пешгирии бемории сироятии коронавирус, ҳуқуқвайронкунию ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон, ҷиноятҳои хусусияти террористиву экстремистидошта, садамаҳои нохуши нақлиётӣ, сӯхтор ва муроҷиати шаҳрвандон саволҳо пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушаххасу дақиқ гирифтанд.

Раҷаббек ИЛЁСОВ,
Наврӯз ҶОБИРОВ,
Тоҷиддин ЛАТИПОВ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

qonu

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика