Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз хоҷагии ёрирасони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

1307

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо фаъолияти хоҷагии ёрирасони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуданд.

Хоҷагии мазкур соли 2018 дар деҳаи Саричашмаи деҳоти Гулхона дар майдони 1,36 гектар замин таъсис дода шуд.

Дар хоҷагӣ беш аз 830 бех ниҳоли себ, гелос, олуи сиёҳ, олуча, хурмо ва ниҳолҳои сояафкану ороишӣ шинонида шудааст.

Соли равон аҳли заҳмат дар заминҳои ҳудуди хоҷагии ёрирасон пиёз, сирпиёз ва картошка кишт карда, баъди ҷамъоварии ҳосил кишти такрорӣ гузаронида, дар майдони 0,50 гектар қаланфури булғорӣ, қаланфур дар 0,5 гектар, боимҷон дар 0,10 гектар, бодиринг ва каду дар 0,10 гектар, карам дар 0,35 гектар ва дар 0,20 гектар хуроки чорво кишт кардаанд.

Заминҳои ҳудуди хоҷагӣ обёрӣ карда шуда, дар баробари бонавбат сафарбар шудани ҳайати шахсӣ ба парвариш ва нигоҳубини маҳсулот ҳамзамон як нафар сокини маҳаллӣ ба таври доимӣ ба корҳои боғдорию хоҷагидорӣ ҷалб шудааст.

Заҳмати пайваста ва истифодаи роҳу усулҳои муосири парвариш ба нашъунамои хуби зироат замина гузошта, ҳосили дар кишти якум ба дастоварда ҳавасмандии кормандонро ба миён овард.

Натиҷа ҳамин аст, ки имрӯзҳо кормандон талош доранд, то самараи дастранҷи хешро дар самти истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ низ афзоиш диҳанд.

1308130913101311

Ҳосили ҷамъоваришуда аз заминҳои ҳудуди хоҷагии ёрирасон дар самти таъмини кормандони мақомот бо маҳсулоти ниёзи аввал равона карда мешавад.

Аснои шиносоӣ бо фаъолияти кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми онҳоро дар самти истифодаи мақсадноки замин намунавӣ арзёбӣ карданд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

qonu

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика