Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ярмаркаи маҳсулоти хоҷагиҳои деҳқонӣ

1466

Дар ярмаркае, ки рӯзи 19-уми июл ба муносибати Иди саиди Қурбон дар шафати Вазорати корҳои дохилӣ баргузор гардид, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо аҳли оилаашон маводҳои заруриашонро харидорӣ намуданд.
Ярмаркаи мазкур бо мақсади ҳифзи иҷтимоии ҳайати шахсӣ роҳандозӣ гардида, дар он хоҷагиҳои ёрирасони ВКД, хоҷагиҳои деҳқонии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ маҳсулоти хӯрокворӣ, меваю сабзавоти тоза ва дигар маҳсулоти ниёзи мардумро, бо нархҳои нисбатан арзон ба харидорон пешкаш намуданд.
Барои муқоиса нархи як килограмм гӯшт - 45-50 сомонӣ, биринҷу шакар - 8 сомонӣ, картошка 2 сомонӣ, пиёз 50 дирам, сабзию лаблабу – 4 сомонӣ ва арзиши 1 халта орд 180 сомониро ташкил медод.

14671468

Қобили қайд аст, ки роҳбарияти ВКД нисбати дастгирии ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар арафаи ҳар як иду ҷашнҳо чунин ярмаркаҳоро доир менамояд.

Р. ИЛЁСОВ




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика