Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими кушодашавии мусобиқаи байналмилалии шиноварӣ

1762

1765Дар ҳавзи шиноварии қасри теннис ва намудҳои варзиши обии шаҳри Душанбе тайи ду рӯз аст, ки мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ бахшида таҷлили «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардида истодааст.

Дар ин мусобиқаи анъанавӣ, ки ҳамасола аз ҷониби Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои марбута доир карда мешавад, варзишгарони шиновар аз 6 дастаи кишварҳои Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Афғонистон ва минтақаҳои Тоҷикистон ширкат доштанд.

Рӯзи 28 июни соли 2021 маросими расман кушодашавии мусобиқаи байналмилалии мазкур баргузор гашт, ки дар он Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, ки ҳамзамон Раиси Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб меёбад, котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Муҳаммадшо Мирзохон, сардори Раёсати варзиши Ҷамъияти «Динамо»-и Ҳаракати умумироссиягии «Динамо»-и Федератсияи Россия полковники милитсия Данилов Андрей Валентинович ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва суханрои намуданд.

1764

Зимни баромадаш Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода қайд намуд, ки варзиш қосиди сулҳ, тарғибгари ҳаёти солим, тинҷиву оромӣ, таҳкимбахшандаи риштаҳои дӯстию рафиқӣ байни халқу миллатҳо мебошад. Бо дастгирӣ ва таҳти дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба варзиш, такмили маҳорати варзишгарони кишвар ва мубодилаи таҷриба бо кишварҳои дӯсту ҳамсоя таваҷҷуи хоса зоҳир карда мешавад. Тайи солҳои охир, инфрасохтори соҳаи варзиш дар ҷумҳуриямон хеле рушду инкишоф ёфта истода, дар саросари кишвар садҳо иншоотҳои хурду калони варзишӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шуда истодаанд. Қасри теннис ва намудҳои варзиши обӣ низ баёнгари ин гуфтаҳост, ки яке аз иншоотҳои замонавӣ ба хисоб меравад. Барои омода намудани варзишгарон мураббиёни ботаҷриба ва мутахассисони соҳавӣ ҷалб карда мешаванд. Боварӣ аст, дар оянда низ чунин чорабиниҳои варзишӣ бо мақсади дӯстию ҳамгироии байни миллатҳо боз ҳам дар сатҳи баландтар баргузор карда шуда, теъдоди бештари варзишгарон ҷалб карда хоҳанд шуд.

17631767

Бояд қайд намуд, ки варзишгарони иштирокчӣ аз рӯи намудҳои варзиши шиноварии тарзи озод, баттерфлай, брасс, пуштнокӣ ба масофаҳои 50 метр, 100 метр, маҷмуавӣ ба масофаи 200 метр ва эстафетаи даставӣ дар масофаи 4х50 метр байни занҳо ва мардҳо дар алоҳидагӣ бо ҳам рақобат намуданд. Доварони дараҷаи байналмилалӣ зери роҳбарии сардовар, довари дараҷаи байналмилалии аъзои ФИНА Шерзод Иногамов аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон маҳорати варзишии шиноваронро назорат ва баҳогузорӣ намуданд.

Дар идомаи чорабинӣ ба ғолибону ҷоизадорони рӯзи аввали мусобиқа дар маросими тантанавӣ медалу ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.

Ҳамин тариқ, дар намуди тарзи озод ба масофаи 50 метр байни мардҳо ҷойҳои якуму дуюмро намояндагони Федератсияи Россия Дмитрий Черкасов ва Роман Кузнецов, ҷойи сеюмро Хоҷиакбар Абдужалилов аз кишвари Ӯзбекистон ишғол намуданд.

Дар намуди тарзи озод ба масофаи 50 метр байни занҳо Ирина Злобина варзишгари Федератсияи Россия ҷойи аввал, Наталя Критинина ва Муслима Джумабаева аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷойҳои дуюму сеюмро соҳиб гардиданд.

Дар намуди брасс ба масофаи 50 метр ҷойи аввалро Кристина Лебедова аз дастаи Федератсияи Россия, намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон Карина Климык ва Сабрина Якубова ҷойи дуюму сеюмро мутаносибан ба даст оварданд.

176617711768176917701772

Дар рақобати дигар, дар намуди пуштнокӣ ба масофаи 200 метр ба гирифтани ҷойи аввал варзишгари рус Дмитрий Черкасов мушарраф гардида, ба ишғоли ҷойи дуюму сеюм Умедҷон Исломзода ва Рамзиёр Хоркашов - варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор гардиданд.

Дар шиноварии эстафетавӣ 4Х100 метр тарзи озод дастаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон мақоми аввал, дастаи Федератсияи Россия зинаи дуюм ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи сеюмро ишғол намуданд.

Айни замон, мусобиқаи байналмилалӣ идома дошта, аз натиҷаи он иловатан иттилоъ хоҳем дод.

Х. Солиҳов, подполковники милитсия




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика