Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи корӣ ҷиҳати риояи қонуният ва интизоми хизматӣ

1375

1376

Бо ибтикори роҳбарияти Раёсати амнияти дохилии ВКД ҷиҳати риояи қонуният ва интизоми хизматӣ, ҳамзамон пешгирӣ аз ҷинояткорӣ дар байни ҳайати шахсӣ дар маҷлисгоҳи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд бо иштироки сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Навҷувонов Абдулло Шанбиевич ва сардори Раёсати амнияти дохилии ВКД генерал-майори милитсия Машрабзода Ҷамшед Хол ҷаласаи таҳлилӣ-дастурӣ доир гардид. Дар кори ҷаласа сардорони шуъбаҳои ВКД, роҳбарони аввали хадамот, ҷузъу том ва сохторҳои таркибии мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд иштирок доштанд.
Сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Навҷувонов Абдулло Шанбиевич чорабиниро ифтитоҳ намуда, баргузории онро барои таъсиррасонӣ дар корҳои тарбиявӣ ва беҳтар намудани сифати фаъолият саривақтӣ ва муфид арзёбӣ кард.
Дар идома маърӯзаи таҳлилии сардори Раёсати амнияти дохилии ВКД генерал-майори милитсия Машрабзода Ҷамшед Хол оиди вазъи риояи қонуният ва интизоми хизматӣ дар байни ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд шунида шуд.
Гуфта шуд, ки мақомоти корҳои дохилӣ яке аз мақомотҳои пурнуфӯз ва калидии сохтори давлатӣ аст, ки ҳар як корманди он дар тадбиқи сиёсати давлат ва меъёрҳои қонун уҳдадор мебошад. Ҷараёни пуртаззоди ҷомеаи ҷаҳонӣ, бархурди тамаддунҳо ва пайдоиши шаклҳои гуногуни ҳаракатҳои ба ҷомеа хавфнок, имрӯз аз кормандони милитсия ҳушёриву зиракӣ ва ҳамқадами замон буданро талаб менамояд.
Ба таъкиди сардори Раёсати амнияти дохилии ВКД генерал-майори милитсия Машрабзода Ҷамшед Хол корманд набояд берун аз доираи ваколати хизматӣ амалеро иҷро намояд, ки ба шаъни мақомот доғ оварад. Ташкили машғулиятҳои касбӣ дар самти риояи қонуният, дарсҳои характери тарбиявӣ дошта, омӯзонидани одоби оинномавии муошират, аз рӯи низомнома пӯшидани либоси низомӣ ва назорати риояи реҷаи корӣ ба манфиати кор хоҳад буд.

1378

Дар интиҳои ҷаласа зикр гардид, ки корманди милитсия новобаста аз самти фаъолият бояд бо ахлоқи ҳамида ва рафтору кирдор намунаи ибрати дигарон бошад. Роҳ надодан ба амалҳои ғайриқонунӣ, риояи қонуният ва интизоми хизматӣ аз ҷониби ҳайти шахсӣ бояд доимӣ таҳти назорат ва корбарии роҳбарон қарор гирад ва дар ин самт ба иштирокчиён дастурҳои методӣ дода шуд.

Акбар Шарифӣ, майори милитсия




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика