Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамоиш оид ба нақши ҷавонон дар 30-соли соҳибистиқлолӣ

1293

Имрӯз (14.05.2021), бо ташаббуси бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар Академияи ВКД ҳамоиш ва намоиши ҷумҳуриявии дастовардҳои ҷавонони мақомоти корҳои дохилӣ таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар 30-соли соҳибистиқлолӣ: дастовард ва дурнамо», ба ифтихори таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар оғзи чорабинии тантанавӣ меҳмонон, ҷавонони фаъоли кишвар ва ҳозирин аз дастовардҳои илмӣ ва варзишии Академияи ВКД, инчунин аз гашти низомӣ ва рақс бо силоҳ, ки курсантдухтарони Академия намоиш доданд дидан намуда ба донишу маҳорати касбии онҳо таҳсин хонданд.

1294

Дар ҷамъомади тантанавӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризо Назарзода, сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб, полковники мустаъфии милитсия Носир Назарзода, ҷавонони фаъоли кишвар, кормандони дастгоҳи марказӣ ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ ва устодону курсантон Академияи ВКД иштирок намуданд.
Пас аз дастаҷамъона сурудани Суруди миллӣ, чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Бароталӣ Ҳамидзода оғоз намуда зикр кард, ки Истиқлолияти давлатӣ барои миллати мо ба осони бадаст наомадааст. Зеро дар аввалин рӯзҳои соҳибистиқлолии давлатамон, аз дасти бадбинону душманони миллат ҷумҳурии тозаистиқлол ба гирдоби ҷангу нобасомониҳои дохилӣ гирифтор гардид. Аммо хираду бузургии миллати соҳибтамаддуни мо боло гирифту Истиқлолияти деринтизори мо бо шарофати фарзандони ҷоннисору ватандӯсташ аз ин варта фалокат наҷот ёфт. Хушбахтии тоҷикон буд, ки аз байни ин халқи куҳанбунёд фарзанди шоистаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарварии давлатро ба зима гирифта, бо хираду тавоноиашон тавонистанд самтҳои дурусти наҷоти миллат ва пешрафти давлатро интихоб намоянд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсиятест, ки тамоми тавоноии худро барои миллат бахшида, сабру мубориза ва бурдбориро пешаи хеш медонанд. Тамоми дигаргуниҳои замони соҳибистиқлолӣ, ифтитоҳи иншоотҳои бузурги аср, бунёди нерӯгоҳҳои барқӣ, роҳу нақбҳо, баланд бардоштани ифтихори миллӣ, вусъат бахшидан ба таълиму тарбия, Ватандӯстӣ низ шаҳодати онаст, ки мардуми тоҷикистон ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон эътимод ва боварии комил доранд. Имрӯз мардуми Тоҷикистон дар арафаи ҷашни бузург 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ қарор доранд ва ширкат дар чунин чорабинӣ ифтихору сарбаландии ҳар як фарди тоҷик ба шумор меравад.
Дар идомаи суханронии худ муовини Вазири корҳои дохилӣ аз дастоварду пешрафт ва нақши Пешвои миллат дар пойдории соҳибистиқлолии кишвар ва саҳми кормандони милитсия дар ин раванд суханронӣ намуда, зикр кард, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамеша баҳри ҳимояи давлату миллат, пешгирии ҳамагуна қонуншиканӣ ва посдории волоияти қонун ҳамеша омода мебошанд. Дар фарҷом бори дигар ҳозиринро бо ҷашни дарпешистода табрику муборакбод намуд.

12951296129712981299

Дар идомаи чорабинии баргузоргардида муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризо Назарзода суханронӣ намуда, сараввал барои баргузор намудани чунин чорабинии тантанавӣ ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, ва Академияи ВКД арзи сипос намуд. Мавсуф низ дар баромади хеш аз Нақши Пешвои миллат дар пойдории Истиқлолияти давлатӣ, рушду тарақиёти замони соҳибистиқлолӣ, саҳми ҷавонони худогоҳу Ватанпарвар дар пешрафту шукуфоии кишвар суханронӣ намуд.
Сипас доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, полковники мустаъфӣ Носир Назарзода дар мавзӯи «Ҷавонон ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол» ва устодону курсантони Академия дар мавзӯъҳои «Нақши зан дар мақомоти корҳои дохилӣ дар давраи Истиқлолият», «Рушди қонунгузории миллӣ дар самти ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои ноболиғону ҷавонон», «Нақши мақомоти корҳои дохилӣ дар таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон дар даврони соҳибистиқлолӣ» баромадҳои пурмӯҳтаво намуданд.

Р.Илёсов




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun2

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика