Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баррасии ҳамкориҳо дар соҳаи танзими муҳоҷирати меҳнатӣ

562

21-уми апрели соли 2021 вохӯрии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо сардори Сарраёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия генерал-лейтенанти политсия Казакова Валентина Лвовна баргузор гардид.

Нахуст, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро Казакова Валентина Лвовнаро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, изҳори итминон намуд, ки натиҷаҳои ин сафар барои таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои мақомоти корҳои дохилии ду кишвар такони тоза хоҳад бахшид.
Зимни мулоқот маҷмӯи масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар самти ҳимояи ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Россия кору фаъолият менамоянд, мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифт.
Зимни мулоқот ҳар ду ҷониб раванди ҳамкориҳоро дар соҳаи танзими муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Россия, пешгирии афзоиши муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва номуташаккил, ташаккули заминаҳои ҳуқуқӣ ва ташкили механизм барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба муҳоҷирон мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба вазъи ҳамкориҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар соҳаи муқовимат бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ, баланд бардоштани самаранокии ҳамкорӣ, мубодилаи иттилоот ва қонунигардонии буду боши муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави Федератсиия Россия гуфтугӯи судманд анҷом доданд.

Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика