Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи ҷамъбастии семоҳаи фаъолияти оперативӣ-хизматӣ дар РВКД ВМКБ

559

Рӯзи 19-уми апрели соли 2021 бо иштироки Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷаласаи ҷамъбастии се моҳаи фаъолияти оперативӣ-хизматӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур фаъолияти оперативӣ-хизматии ҷузъу томҳои мақомоти корхои дохилии ВМКБ дар давоми се моҳи аввали соли 2021-ум ва вазифаҳои навбатӣ барои семоҳаи дуюми соли 2021-ум ва дигар масъалаҳои муҳими рӯз мавриди таҳлил қарор гирифтанд.
Вазири корҳои дохилӣ аз фаъолияти самти оперативӣ ва хизматии шаҳру нохияҳои ВМКБ натиҷагирӣ намуда, сардорони Дастгоҳи марказии Раёсат ва сардорони Шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилии шаҳру ноҳияҳои вилоят оид ба вазъи пешгирӣ ва ошкоркунии ҷиноятҳо дар фаъолияти хизматии соли 2020 ва семоҳаи аввали соли 2021 маълумоти муфассал доданд.
Дар рафти ҷаласа бобати беҳдошти саломатии шаҳрвандон, истифодаи оқилонаи нерӯи барқ ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини муҳофизати марзу буми кишвар, таъкид гардид.
Дар ҷараёни ҷаласа дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кориашон ба ВМКБ ва вохӯрӣ бо фаъолони вилоят ва иҷрои супоришҳое, ки дар назди Ситоди байниидоравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният дар вилоят гузошта шудаанд, мавридӣ баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар зимн диққати масъулини соҳа ҷиҳати боло бурдани савияи дониши ҳуқуқии шаҳрвандон ва пешгирии омилҳои зишту номатлуб дар ҷомеа ҷалб карда шуд.

560561

Дар фарҷоми ҷаласа, Вазири корҳои дохилӣ барои пешгирии сатҳи ҷиноятсодиркунӣ, мубориза бо терроризму экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, мусодираи силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ, муомилоти ғайриқонунии сангҳои қимматбаҳо, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, шикори ғайриқонунии ҳайвонҳои нодир, нӯшокиҳои спиртии пастсифат, дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳои сиёсии дар пешистода ва ҷашнҳо, танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа як қатор дастуру супоришҳо дод.

Далер Чоршанбе, майори милитсия,
Ҷамшед Мавлонзода капитани милитсия.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика