Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрӣ

1652

Имрӯз (10.03.с.2021), Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор кадрҳоеро, ки дар мақоми роҳбарикунадаи сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои масъулу роҳбарикунанда таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

16531654

Мутобиқи моддаи 9-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар як қатор шаҳру навоҳии мамлакат аз вазифа озод гардида, дар баъзе аз раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ низ тағйироти кадрӣ сурат гирифтанд.
Аз он ҷумла:
- генерал-майори милитсия Муҳаммадизода Муҳаммадӣ Толиб ба вазифаи сардори Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- генерал-майори милитсия Азиззода Абдуғафор Қаюм ба вазифаи сардори Раёсати ташхисӣ (экспертӣ)-криминалистии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- генерал-майори милитсия Назарзода Қудратулло Бобо ба вазифаи сардори Шуъбаи №1 Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ;
- полковники милитсия Раҷабзода Ҳасан Ҷамил ба вазифаи сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- полковники милитсия Сафарзода Эмомалӣ Сафар ба вазифаи сардори Раёсати таҳқиқи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- полковники милитсия Абдуллозода Самариддин Абдулло ба вазифаи сардори Воҳиди махсуси ВКД оид ба таъмини бехатарии ҷамъиятӣ дар самтҳои ҳаракати Сарвари давлат ва меҳмонони олиқадр;
- полковники милитсия Ваҳобзода Баҳодур Барот ба вазифаи сардори Раёсати экологӣ ва сайёҳии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- полковники милитсия Ашурзода Абдуҷалил Халил ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе;
- полковники милитсия Давлатзода Абдусамад Ҳаким ба вазифаи сардори ШВКД дар хатти истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбеи РВКДН;
- полковники милитсия Назарзода Икромҷон Ҳурматулло ба вазифаи сардори ШВКД дар шаҳри Роғун;
- полковники милитсия Шарифзода Аҳлиддин Ҳомуддин ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон;
- полковники милитсия Нурализода Суҳроб Ғулом ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон;
- полковники милитсия Солизода Абдувоҳид Орифҷон ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Расулови вилояти Суғд;
- полковники милитсия Шонадирзода Шоҳусайн Шонадир ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Лахш;
- подполковники милитсия Тағойзода Давлатшоҳ Тағой ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд;
- подполковники милитсия Ҳайдарзода Шералӣ ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ;
- подполковники милитсия Имомбердизода Гулбек Худомун ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Ишкошими ВМКБ;
- подполковники милитсия Қосимзода Муҳаммадӣ ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд;
- подполковники милитсия Идизода Баҳодур Холиқназар ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд;
- полполковники милитсия Муродов Вафоҷон Бобохонович ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд;
- подполковники милитсия Абдуллозода Асомуддин ба вазифаи сардори Шуъбаи №2 Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе;
- подполковники милитсия Раҳимзода Зафар Иброҳим ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Носири Хисрави вилояти Хатлон;

16551657

- майори милитсия Сулаймонзода Нурулло Раҳматулло ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шаҳринав.
Пешвои миллат зимни суҳбат таваҷҷӯҳи асосиро ба бозомӯзӣ, такмили ихтисос, забондонӣ, таъмини волоияти қонун, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, оромиву субот, мубориза алайҳи ҳамагуна қонуншиканӣ, алалхусус қочоқи маводи мухаддир ва молу маҳсулот тавассути сарҳади давлатӣ равона намуда, изҳори умедворӣ намуданд, ки кадрҳои далеру ҷасур, ватандӯсту содиқ ба давлату миллат метавонанд аз уҳдаи масъулият ва вазифаҳои ба дӯш доштаашон бароянд.
Дар мулоқот инчунин аз як қатор камбудиҳо дар сохторҳои зикршуда ёдовар гардида, ба роҳбарони сохторҳо барои рафъи камбудиҳо дастурҳои мушаххас дода шуданд.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика