Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоии Вазири корҳои дохилӣ ба корҳои ободонӣ ва иштирок дар маъракаи ниҳолшинонӣ

524

Зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар якҷоягӣ бо Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рӯзи 31 январ ба осоишгоҳи «Сипар»-и ВКД воқеъ дар соҳили «Баҳри тоҷик»-и шаҳри Гулистон ташриф оварда ба ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва ободонӣ дар ин минтақаи истироҳатӣ шинос шуданд. Нахуст оиди корҳои азнавсозии мавзеъ ба роҳбари аввали мақомот маълумот доданд.
Осоишгоҳи мазкур, ки дар соҳили «Баҳри тоҷик» ҷойгир аст яке аз минтақаҳои хуш боду ҳаво ва барои истироҳат мувофиқ мебошад. Ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ чанд сол аст, ки аз ин макони истироҳатӣ истифода мебаранд. Баҳри васеъ намудани имкониятҳо барои қабули истироҳаткунандагон дар осоишгоҳи «Сипар» бунёди меҳмонхонаи замонавӣ ба нақша гирифта шуда, то ба имрӯз иморати бино бо маблағгузории мақомоти корҳои дохилӣ ва МИҲД вилояти Суғд сохта шуда, корҳои таъмирӣ идома дорад. Тибқи лоиҳа меҳмонхона аз чор ошёна иборат буда, дар он ҳуҷраҳои барҳаво, толорҳои хурду калон барои гузаронидани ҷаласа, ошхонаву ҳаммом бо тамоми инфрасохтори зарурӣ пешбинӣ шудааст, ки қисман иҷро шудааст. Саҳни биноро фавора ва гулгаштҳои сабзкоришуда бо дарахтони сояафкану ороишӣ зеб хоҳанд дод. Илова бар ин, майдончаи варзишӣ, 4 адад гармхона, боғи дарахтони мевадиҳанда, токзори ангур ва дигар иншоотҳои ёрирасон дар ҳудуди истироҳатгоҳ ҷойгир аст.
Вазири корҳои дохилӣ зимни шиносоӣ ба лоиҳаи бино ва боздид аз корҳои сохтмонӣ ба сохтмончиён ва масъулин ҷиҳати истифодаи масолеҳи пурдошту босифат, истифодаи унсурҳои меъмории муосир бо назардошти анъанаҳои миллӣ, хубу сифатнок анҷом додани корҳои таъмирӣ дастурҳои муфид дод. Пешниҳод гардид, ки барои сарфакорӣ аз барқ шабакаи ягонаи гармидиҳӣ бо истифода аз ангиштсанг ба инобат гирифта шавад, то ин ки дар фасли сармо истироҳаткунандагон ба гармӣ таъмин бошанд.

525526527528

Ҳамчунин Вазири корҳои дохилӣ ва Раиси вилояти Суғд дар ҳашари дастаҷамъонаи шинонидани дарахтони сояафкану ороишӣ иштирок намуданд. Дар мавзеъҳои гуногуни истироҳатгоҳи «Сипар», аз ҷумла саҳни бинои меҳмонхона ва роҳравҳо навъҳои дарахтони сояафкану ороишӣ аз қабили ёси ҳиндӣ, булут, каштан, арча ва гулҳо шинонида шуд. Кормандони шуъбаву хадамотҳои Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ва афсарону сарбозони Қисми ҳарбии №3501 Раёсати қушунҳои дохилии ВКД бо роҳбаладӣ ва тавсияи мутахассисони ниҳолпарвар дар маъракаи сабзкорӣ иштирок карда мавзеи мазкурро дар муддати кутоҳ обод намуданд.
Дар маъраки ниҳолшинонӣ зиёда аз 400 бех дарахтони ҳамешасабзу сояафкан ва гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шуд.
Айни замон, сафари кории Вазири корҳои дохилӣ ба вилояти Суғд идома дошта, аз ҷараёни он иловатан иттило хоҳем дод.

Акбар Шарифӣ, майори милитсия




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика