Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷамъбасти озмуни "Китобхони беҳтарин" дар Вазорати корҳои дохилӣ

 738

Имрӯз (30.01.2021), дар Вазорати корҳои дохилӣ озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ” ҷамъбаст ва ғолибонаш қадрдонӣ карда шуданд.

734

Муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Раҳмонзода Саиднахш Ҳаким зимни ифтитоҳи ин маросими фарҳангӣ зикр намуд, ки ин сабқати фарҳангӣ ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи гузаронидани озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ» доир мегардад.

724

Мақсаду ҳадафи озмун баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, баланд бардоштани фарҳанги китобдориву китобхонӣ ба ҳисоб меравад.

725

Ҳамзамон қайд гардид, ки тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Пешвои миллат миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ” эълон гардидааст.
Мавриди зикри хос аст, ки бо супориши бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар байни кормондони раёсату шуъбаҳо ва умуман ҷузъу томҳои ВКД дар қаламрави кишвар озмуни «Китобхони беҳтарин» баргузор карда шуд.
Озмун миёни кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҷараён гирифта 47 нафар китобхони беҳтарин ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд.
Талаботи озмуни мазкур хондан ва ҳифзи асарҳои манзуму мансури адибони гузаштаву муосири ватанӣ ва ҷаҳон, асарҳои таърихӣ, адабиёти сиёсӣ, публитсистӣ ва соҳавӣ буд, ки дар баробари таъсиргузорӣ ба маҳорати суханварӣ метавонад хонандаро ба некрафторию некгуфторӣ ва ҳақиқатҷӯӣ талқин намояд.
Ҳамин тавр ғолибони озмуни зеҳнӣ аз тарафи ҳайати ҳакамон муайян шуданд.
Дар интиҳои чорабинӣ ба ғолибони озмуни «Китобхони беҳтарин» ва иштирокчиёни фаъоли он аз ҷониби роҳбарияти Вазорат маблағҳои пулӣ Сипосномаву Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.

726727

Баргузории озмуни мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки дар қатори паҳлӯҳои мухталифи сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат рушди неруи маънавии ҷомеа низ дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат қарор дорад.

733

Абдулмуъмин Зайниддинзода,
Манучеҳр Ҷамилов




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика