Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғолибияти дастаи ХД «Муҳофиза» дар мусобиқаи футболи хурд

933

Бахшида ба таҷлили ҷашни «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 4-ум то 22-юми январи соли 2021 дар Маҷмааи варзишии ШҶ «Динамо»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи даставӣ аз намуди футболи хурд байни Сарраёсат, раёсатҳо ва шуъбаҳои мустақили Дастгоҳи марказии ВКД, РВКД дар шаҳри Душанбе ва ШВКД дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ гузаронида шуд.
Бояд қайд намуд, ки бо чунин мазмун мусобиқаҳо байни воҳидҳои раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар вилоятҳои ҷумҳурӣ низ баргузор гардиданд.
Дар мусобиқаи мазкур 21 дастаи футболбозон бо ҳам омада, бозиҳо дар ду марҳила доир гардиданд. Мусобиқа мутобиқи қоидаҳои ФИФА гузаронида шуд.
Пас аз даври интихобӣ ва қувваозмоиҳои марҳилаи дуюми мусобиқа, рӯзи 22-юми январи соли 2021 даври нимниҳоӣ ва ниҳоии бозиҳо доир гардиданд.
Нахуст, дастаҳои Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил (РМЗҶМ) ва Академияи Вазорати корҳои дохилӣ барои муайян намудани ғолиби ҷойи сеюми мусобиқа ба майдон баромаданд. Дар ин бозӣ гарчанде, қувваҳои варзишгарони ҳар ду даста баробар буданд, бозингарони дастаи Академияи Вазорат нисбатан фаъол буданд. Дастаи Академия аз лаҳзаҳои аввали бозӣ ташаббусро ба даст гирифта, бо ҳисоби калон, яъне 8:2 дастаи ҳарифро мағлуб сохта, ба ишғоли ҷойи сеюм мушарраф гардид.
Бозиҳо хеле шавқангезу ҷолиб гузашта, мухлисони зиёди ҷамъомада дастаҳои дӯстдоштаи худро ҳаводорӣ мекарданд.

934938935

Дар даври ниҳоӣ, бозӣ байни дастаҳои Хадамоти давлатии «Муҳофиза» ва Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Вазорат сурат гирифт. Ин бозӣ низ хеле рақобатнок идома ёфта, дар нимаи аввали бозӣ ҳисоб қариб мусовӣ буд. Дар нимаи дуюми бозӣ футболбозони дастаи Хадамоти давлатии «Муҳофиза» ба пеш гузашта, тавонистанд, бо ҳисоби 6:3 бозиро ба фоидаи худ анҷом диҳанд. Ҳамин тариқ, дастаи Хадамоти давлатии «Муҳофиза» мақоми аввал ва Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ ҷойи дуюмро ишғол намуданд.
Дар маросими пӯшидашавии мусобиқаи футболи хурд байни воҳидҳои Дастгоҳи марказии Вазорат, РВКД дар ш.Душанбе ва ШВКД дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Сайнахш Раҳмонзода суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки дар партави сиёсати созандаю дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзиш ва тарзи ҳаёти солим дар кишварамон аз ҳарвақта дида аҳамияти бештар касб менамояд. Имсол, дар саросари ҷумҳурӣ бахшида ба ҷашни «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар баробари дигар чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ, баргузории чорабиниҳои мухталифи варзишӣ-фарҳангӣ роҳандозӣ гардида истодаанд. Ҳадаф аз баргузории мусобиқаҳои варзишӣ омодагии ҷисмонӣ, такмили маҳорату малакаи варзишӣ, дарёфти чеҳраҳои нави варзишӣ, ба роҳ мондани риштаҳои дӯстию рафиқӣ мебошад. Дар ин радиф, тайи қариб 20 рӯз аст, ки байни кормандони мақомоти корҳои дохилӣ мусобиқаи футболи хурд идома дошт, ки имрӯз хеле дар сатҳи баланд ҷамъбаст гардид. Дар Вазорати корҳои дохилӣ шароитҳои машғул гардидан ба варзиш сол аз сол беҳтар мегардад, тайи солҳои Истиқлолияти давлатӣ қариб, ки дар тамоми раёсату шуъбаҳои корҳои дохилӣ толору майдонҳои варзишии замонавӣ муҷаҳҳаз бо тамоми таҷҳизоти варзишӣ сохта ба истифода дода шудаанд. Кормандонро зарур аст, ки аз ин имкониятҳо самаранок истифода намоянд, дар баробари масъулияти баланди мубориза бо ҷинояткорӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини амнияти шаҳрвандон пайваста ба варзиш шуғл варзанд, ба омодагии ҷисмонии худ диққати ҷиддӣ диҳанд. Дар баробари ин, саъю кӯшиш дар ин самт метавонад дар оянда аз байни насли ҷавон чеҳраҳои нави варзиширо ба майдон орад, ки шаъну шарафи вазоратро дар миқёси ҷумҳурӣ ва кишварамонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баландтар бардошта, номвару номбардори миллат гардонад.

936937939940

Дар фарҷоми чорабинӣ, дар фазои тантанавӣ аз номи Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба дастаҳои ғолиби мусобиқа Ҷому диплом ва ба ҷоизадорон медалу Ифтихорномаҳо супорида шуданд.
Аз натиҷаи нишон додани малакаю маҳорати варзишӣ бозингарони беҳтарини мусобиқа инҳо: дарвозабони беҳтарин - Муҳаммад Ҷалилов аз дастаи Хадамоти давлатии «Муҳофиза», муҳофизатгари беҳтарин – Азимҷон Сафарзода аз дастаи Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ, ҳамлагари беҳтарин - Фаррух Сафарзода аз дастаи РМЗҶМ, нишонзани беҳтарин - Наврӯз Толибзода аз дастаи Академияи Вазорат, бозингари беҳтарин – Бунёд Хоркашов футболбози дастаи Хадамоти давлатии «Муҳофиза», инчунин довари беҳтарин Сафаралӣ Солиев дониста шуданд.
Ҳамчунин, барои дастгирӣ ва мусоидат дар баргузории мусобиқа як қатор сардорони воҳидҳои Дастгоҳи марказии ВКД бо Сипоснома аз номи роҳбарияти Вазорат сарфароз гардонида шуданд.
Мукофотҳоро муовини Вазири корҳои дохилӣ Сайнахш Раҳмонзода, мушовири Вазири корҳои дохилӣ Ориф Ҷӯраев, инчунин меҳмонони даъватшуда котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Муҳаммадшо Абдуллоев, намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Суҳроби Акбаршо, намояндаи Федератсияи футболи кишвар Ахмед Шавкатов ва дигар шахсони расмӣ супориданд.

Х. Солиҳов, подполковники милитсия




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика