Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Озмуни “Муфаттишони беҳтарин” ҷамъбаст гардид

716

Имрӯз (08.01.2021), дар толори маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ бо иштироки муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо марсими ҷамъбастӣ ва ҷоизасупорӣ ба беҳтарин муфаттишони мақомоти корҳои дохилӣ баргузор гардид. 

Мавриди қайд аст, ки ин озмун дар соли 2020 дар байни кормандони мақомоти тафтишотӣ барои ноил шудан ба дастоварҳо дар фаъолияти хизматӣ, яъне “Беҳтарин воҳиди тафтишотӣ” ва “Беҳтарин муфаттишон"-и мақомоти корҳои дохилӣ оғоз гардида буд. Ҳамин тариқ дар маросими ҷамъбастӣ “Беҳтарин воҳиди тафтишотӣ” дар мақомоти корҳои дохилӣ дар соли 2020 шуъбачаи тафтишотии ШВКД-1 дар ноҳияи Сино дониста шуд. Дар маросими ҷоизасупорӣ сардори шуъбачаи тафтишотии мазкур, майори милитсия Мирзозода Мансур Ҳасан бо ҷоизаи “Бехтарин воҳиди тафтишотӣ” ва бо медали “Садоқат” аз ҷониби роҳбарияти ВКД сазовор гашт.

1433715717718

Ҷоизаи “Беҳтарин муфаттишон”-и мақомоти корҳои дохилиро кормандони зерин сазовор гаштанд.
1. Майори милитсия Сабурзода Далер Муродалӣ, муфаттиши калони шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар шаҳри Ваҳдат
2. Капитани милитсия Муҳиддинов Комрон Давронович, муфаттиши шуъбачаи ШВКД дар шаҳри Конибодом
3. Лейтенанти калони милитсия Сайфуллоев Муҳамадзариф Зафарович, муфаттиши шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар шаҳри Бохтар ба даст оварданд.
Муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо бори дигар барои бадаст овардани чунин дастовард, онҳоро табрик гуфта, барои хизмати содиқонаву софдилоона ба нафъи давлату миллат ҳидоят намуд.

Абдулмуъмин Зайниддинзода, Муродалӣ Саидзода.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика