Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз мавзеҳои душворгузари роҳ

688

Имрӯз (18.12.с.2020), Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар идомаи сафари хизматӣ ба ноҳияи Ховалинг аз шоҳроҳи Ховалинг-Шугнов ва мавзеи аз ҳама душвори роҳ ағбаи Тиюн боздид ба амал овард.

Зимни боздид маълум гардид, ки роҳи автомобилгарди Ховалинг-Шугнов ва ағбаи мазкур кушода буда, корҳои роҳтозакунӣ аз барф аз ҷониби Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия идома дошта, онҳо бо техникаю таҷҳизоти зарурӣ таъмин мебошанд.
Барои ҳаракати мусофирон дар фасли зимистон ба воситаи ин роҳҳо ягон мушкилӣ вуҷуд надошта, онҳо метавонанд бемамоният рафту омад намоянд.

689

Мавриди зикр аст, ки дар давоми солҳои истиқлолият дар бахши роҳсозӣ, таҷдиду барқарорсозии роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ ва ҷиҳати баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ, ҳамзамон дар доираи сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор корҳои мушаххас ба анҷом расонида шудаанд.

Гул Маҳбуба




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика