Имрӯз (20.12с.2020), дар доираи иқдоми созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сабзу хуррам гардонидани кишвари азизамон бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар ноҳияи Ховалинг маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид.
Дар боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ва кӯчаю хиёбонҳои ноҳияи мазкур зиёда аз 5 ҳазор дарахтони сояафкани ҳамешасабз шинонида шуданд.
Вазири корҳои дохилӣ тамоми кӯчаю хиёбон, беморхона ва бозору марказҳои савдои ноҳияи Ховалингро пои пиёда гашта, барои паст намудани нарху наво ва вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ дар ноҳияи мазкур ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Зикр гардид, ки барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як сокини ноҳия бояд барои таъмиру тармим ва сарсабзу обод намудани хона ва кӯчаю маҳаллаи худ саъю кӯшиш намояд.
Ҳамчунин Вазири корҳои дохилӣ зимни боздид аз маҳаллаҳои ноҳияи мазкур бо сокинон вохӯрӣ намуда, доир ба оқилона ва сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ таъкид намуда, қайд кард, ки боинсофона истифода бурдани неруи барқ дар фасли зимистон ба таъмин намудани низоми бомароми он мусоидат хоҳад кард.
Гул Маҳбуба
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>