Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласа бо иштироки кормандони милитсия ва масъулони барқи минтақаи Кӯлоб

515

Имрӯз (19.12.с.2020), дар шаҳри Кӯлоб дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таҳти раёсати Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҷаласаи якҷоя бо иштироки сардорони Шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақаи Кӯлоб (Қисми минтақавии РВКД дар вилояти Хатлон оид ба гуруҳи ноҳияҳои Кӯлоб, ШВКД дар шаҳри Кӯлоб, Ҳамадонӣ, Восеъ, Темурмалик, Фархор, Ш.Шоҳин, Муминобод, Ховалинг, Балҷувон) ва масъулони соҳаи энергетика ва ширкати «Барқи Тоҷик»-и минтақаи мазкур баргузор гардид.

Дар оғози ҷаласа Вазири корҳои дохилӣ оид ба бардоштани маҳдудияти истифодаи нерӯи барқ дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва сарфакорона истифода намудани қувваи барқ аз ҷониби шаҳрвандон дар давраи зимистон сухан ронда, таъкид кард, ки дар байни аҳолии ҳар як шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шавад. Ҳамчунин барои ошкор намудани ҳолатҳои тасарруфи ғайриқонунии нерӯи барқ ва пардохти қарз аз нерӯи барқ дар якҷоягӣ бо ниҳодҳои дахлдор тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.

Ҳамзамон қайд гардид, ки дар шаҳри Кӯлоб 8 гурӯҳи таблиғотӣ, 4 мошини таблиғотӣ ва 5 гурӯҳи дигар дар минтақаҳои дури шаҳр фаъолият доранд ва зимни бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ба сокинон миннатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати иштироки фаъолона дар интихоботи парлумонӣ ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар фазои сулҳу осоиштагӣ баргузор гардид, расонанд. 

514

Таъкид гардид, ки аз ҷониби гурӯҳҳои кории таъсисдодашуда низоми истифодабарии қувваи барқ аз тарафи ҳар як шаҳрванд, корхонаю ташкилотҳо новобаста аз шакли моликияташон санҷида шаванд. Чунки дар баъзе минтақаҳо кормандони барқ барои исрофкорӣ ва ғайриқонунӣ истифода бурдани барқ беҳисобкунаки барқӣ даст доранд ва баъзе муштариён аз барқ қарздоранд.

Мавриди қайд аст, ки баъди таъсис додани гурӯҳҳои корӣ истифодабарии қувваи барқ аз ҳисоби сарфакорӣ 10-20% коҳиш ёфтааст.

Ҳамчунин, доир ба чораҳои пешгирӣ аз бемории ҳамагири короновирус ва ҷиддӣ риоя намудани гигиенаи шахсӣ ва масофаи иҷтимоӣ таъкид карда шуд.

Дар ҷараёни ҷаласа Вазири корҳои дохилӣ иброз дошт, ки баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як нафар аз оила, аз хона, маҳалла ва коргоҳи худ бояд баҳри ободонию созандагӣ саъю кӯшиш намояд. 

513

Дар идомаи ҷаласа Вазири корҳои дохилӣ аз баргузории озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ», нисбати нақши китоб ва китобхона дар ҷомеа сухан ронда, зикр кард, ки китоб беҳтарин дӯст ва нишондиҳандаи ҳаёти осоиштаву мададгори инсон аст. Дар ин ҷода баргузории мусобиқаҳои варзишӣ ва озмунҳои гуногун аз манфиат холӣ нест.

Дар хотимаи ҷаласа Вазири корҳои дохилӣ ҷиҳати риояи низоми истифодаи оқилонаю сарфакоронаи неруи барқ, ошкор намудани истифодаи ғайриқонунии неруи барқ, ки зарараш ба тамоми ҷомеа мерасад ва сабабгори вайрон шудани танзими таъминот бо неруи барқ мегардад ва пардохти саривақтии маблағи барқ ба масъулини соҳа як қатор даструр супоришҳои мушаххас дод.

Гул Маҳбуба

 




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика