Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи якҷояи сохторҳо вобаста ба истифодаи сарфакоронаи барқ дар ҷумҳурӣ

511

Дар асоси дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти роҳбарии Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. ҷаласаи селектории якҷояи намояндагони сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин намояндагони Вазорати энергетика ва ШСХК «Барқи Тоҷик» доир гардид.

Дар рафти ҷаласа оиди бардоштани маҳдудияти истифодаи нерӯи барқ аз 10 декабри соли равон дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва сарфакорона истифода намудани қувваи барқ аз ҷониби шаҳрвандон дар давраи зимистон таъкид гардид.
Дар рафти ҷаласаи мазкур аз ҷониби намояндагони тамоми сохторҳои иштирокдор ситоди ягонаи ҷумҳуривӣ вобаста ба гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ҳар як шаҳру ноҳия, истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ ва ошкор намудани ҳолатҳои тасарруфи ғайриқонунии нерӯи барқ созмон дода шуд.
Ситоди ҷумҳуриявӣ аз 10 декабри соли 2020 фаъолияти худро дар миқёси ҷумҳурӣ оғоз менамояд.

512

Аз тарафи гурӯҳҳои корӣ низоми истифодабарии барқ аз тарафи ҳар як шаҳрванд, корхонаю ташкилотҳо новобаста аз шакли моликияташон санҷида мешаванд. 

Аз тамоми шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки дар давраи зимистон барқро сарфакорона истифода намуда, масъулияти баланди шаҳрвандии хешро нишон диҳанд.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика