Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Парчамат доим парафшон бод Тоҷикистон!

1218

Рӯзи 24 ноябр бо иштироки роҳбарият ва ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати «Рӯзи Парчами давлатӣ» ва арҷгузорӣ ба ин муқаддасоти давлатӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи олам ҳамчун давлати соҳибистиқлол муаррифӣ мекунад, чорабинии тантанавӣ баргузор шуд. 

Сараввал муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо ҷамъомадро ифтитоҳ бахшида ҳозиринро ба ин ҷашни миллӣ, ки таҷассумгар ва эътирофкунандаи миллату давлати тоҷикон дар арсаи байналмилал мебошад табрик намуд.
Мавсуф бори дигар аз мақому манзалати Парчам ёдоварӣ намуда таъкид дошт, ки Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати худ сарбаландии мардуми кишвари соҳибтамаддунамонро ифода намуда моро ба ояндаи дурахшон ҳидоят мекунад. Бо ташаббус ва иқдомҳои ватандӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон рамзҳои давлатӣ қабул шуд, ки яке аз он Парчам мебошад.
Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» дар саросари мамлакат санаи 24 ноябр ҳамчун «Рӯзи Парчами давлатӣ» бо тантана ҷашн гирифта мешавад. Қайд намудани «Рӯзи парчам» дар замири хурду бузург ифтихор аз ватану ватандорӣ, ҳисси баланди худшиносӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлатиро афзун мекунад.
Ҳамзамон омӯзгорон аз Академияи Вазорати корҳои дохилӣ суханронӣ намуда оид ба таърихи парчамдории тоҷикон, қабули рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчам дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, нақши Парчам дар муаррифии давлату миллат, Парчам ҳамчун рамзи сарбаландии халқ ва дигар мавзӯҳои вобаста ба Парчами давлатӣ маълумот доданд. Аз ҷумла зикр гардид, ки аввалин парчами миллии тоҷикон ин «Дирафши Ковиён» буда, он рамзи мубориза барои озодӣ ва истиқлолияти комил шинохта мешавад.

121912201221

Баргузории чорабинии мазкур аз як тараф агар эҳтироми кормандони мақомоти милитсияро нисбати муқаддасоти миллӣ ифода намояд, аз ҷониби дигар иштирокдорон оиди Парчами давлатӣ ва арзишҳои он маълумоти муфассал гирифтанд.
Абдулмуъмин Зайниддинзода,
Муродалӣ Саидзода




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика