Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳомиёни кишварему таҳти фармон саф кашем!

1105

Имрӯз (10.11.с.2020), дар маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, ҳайати Мушовара, роҳбарият ва ҳайати шахсии ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ ҷамъомади идона баргузор гардид.

Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ Вазири корҳои дохилӣ оғоз намуда, генералҳо, афсарон, собиқадорон ва ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилиро ба муносибати Иди касбиашон табрику муборакбод гуфта, барояшон саломатӣ, муваффақияту комёбӣ ва фаъолияти содиқонаву софдилонаро таманно намуд.
Зимни суханронии худ роҳбари аввали ВКД аз дастгириву ғамхориҳои ҳамаҷониба ва таваҷҷуҳи махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдрас гардида, қайд кард, ки ҳама ин пешрафту дастовардҳои мақомоти корҳои дохилӣ аз дастгириву ғамхориҳои Роҳбари давлат нисбати мо, кормандон аст, ки имрӯз бо биноҳои хуштарҳу замонавӣ, техникаву дастгоҳҳои муосири хизматӣ ва тамоми шароити кориву маишӣ таъмин гардидаем.

11061107

Дар баробари ин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми табрикии худ тамоми кормандони мақомоти корҳои дохилиро бо Рӯзи Иди касбӣ табрику таҳният гуфта, афзуданд: «Эътимоди комил дорам, ки ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ минбаъд низ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ барои мубориза бо ҷинояткорӣ, таъмин намудани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва таъмини волоияти қонун содиқона заҳмат мекашанд ва ба халқу Ватан бошарафона хизмат мекунанд». Ин нукта боиси сарфарозӣ ва хушбахтии мо мебошад, ки боварии Пешвои миллатро сазовор гардидаем.
Дар идомаи суханронии худ Вазири корҳои дохилӣ аз маъракаҳои сиёсии ҷумҳурӣ - интихоботи вакилони Парлумон, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маросими савгандёдкунии Сарвари давлат ибрози андеша намуда, зикр кард, ки Савганди Роҳбари давлат ин савганди ҳамаи мо, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ мебошад, то ки мо аз ин дида дар минбаъда бояд боз ҳам баҳри пешрафту тараққиёти Ватани азизамон, волоияти қонун, пешгирии қонуншиканӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон кӯшишу ғайрат ва садоқати худро нишон диҳем, зеро пешрафти давлат ин пешрафти мо, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аст.
Ҳамзамон, Вазири корҳои дохилӣ аз қабули пайёмҳои шодбошии вазорату сохторҳои давлатӣ, вазирони корҳои дохилии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ворид гардидаанд, ёдовар гардида, аз ҳамкориҳои судманди шаҳрвандон бо кормандони милитсия ва баланд гардидани касбияти кормандони милитсия ибрози андеша намуд.
Дар идомаи суханронии худ Вазири корҳои дохилӣ қайд кард, ки ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ дар оянда низ аз иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошташуда бо сарбаландӣ мебароянд.

11081109

Дар идомаи чорабинии баргузоргардида Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфарозгардонии корманди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба самъи ҳозирин расонид.
Мутобиқи Фармони мазкур, барои хизмати намунавӣ ва саҳми арзанда дар таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, мубориза бо ҷинояткорӣ, нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ ва ҷасорату фидокорӣ Хуршед Мирзоев - нозири Хадамоти роҳбонӣ-дидбонии ротаи Хадамоти роҳбонӣ-дидбонии Шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии РВКД дар шаҳри Душанбе бо медали «Ҷасорат» сарфароз гардид.
Инчунин, бо Фармоиши Вазорати корҳои дохилӣ 800 нафар кормандони ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ бо рутбаҳои навбатӣ, нишонҳои сарисинагӣ, медалҳои соҳавӣ, Ифтихорномаву Сипосномаҳо, туҳфаҳои хотиравию маблағҳои пулӣ қадрдонӣ шуданд.
Дар идомаи чорабинии тантанавӣ раиси Созмони собиқадорон, генерал-майори мустаъфии милитсия Ҷурахонзода Саид Қаюм, кормандони ҷавони милитсия ва ҷавонони фаъол аз хизматҳои шоёни милитсия дар таҳкими қонуният, пойдории суботу оромӣ ва саҳми кормандон дар пешрафту тараққиёти соҳа ибрози андеша намуданд.

1110

Дар фарҷоми ҷашнвора Вазири корҳои дохилӣ бори дигар ҳозирин ва дар симои онҳо, кулли кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, собиқадорон ва наздикону пайвандонашонро бо Рӯзи милитсияи тоҷик табрику таҳният гуфт.

Раҷаббек ИЛЁСОВ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика