Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пешвозгирии барандаи нуқраи чемпионати ҷаҳон оид ба самбо Акмалиддин Каримов

840

Лейтенанти калон Акмалиддин Каримов, мураббии дастаи варзишии қисми низомии 5453 Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, ки дар чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар вазни 57 кило баромад намуда, ҷойи дуюмро ба даст овард, бо медали нуқра ба Ватан баргашт.
Варзишгари муваффақро дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи самбои кишвар, ҳамкорону ҳамкасбон, устодон, ёру дӯстон, варзишгарону шогирдони номбурда дар фазои тантанавӣ ва меҳмоннавозии тоҷикона пешвоз гирифтанд.
Чемпионати мазкур аз 5-ум то 9-уми ноябри соли ҷорӣ, дар шаҳри Новый Сади Ҷумҳурии Сербия доир гардида, дар он намояндагони кишварҳои зиёди ҷаҳон ширкат доштанд. Дар ин сабқат Акмалиддин Каримов дар чанд марҳила ба рақибони худ аз кишварҳои Фаронса, Ӯзбекистон ва Украина дастболо гардида, дар даври ниҳоӣ танҳо аз варзишгари Федератсияи Россия Владимир Гладких бохт. Бо ҳамин барандаи медали нуқраи чемпионати ҷаҳон гардида, парчами Ватани азизи хешро дар арсаи байналмилалӣ барафрохт.
Бояд қайд намуд, ки Акмалиддин Каримов қаблан 4 карат барандаи медали нуқра ва 3 медали биринҷии чемпионатҳои ҷаҳон миёни ҷавонон, 2 карат қаҳрамони ҷаҳон миёни наврасону ҷавонон, 5 карат қаҳрамони Осиё, 5 карат қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон буда, 16 карат ғолиби чемпионатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин барандаи дигар ҷоизаву мақомҳои ифтихорӣ дар сатҳи байналмилалию ҷумҳуриявӣ мебошад.

841842843844

Номбурда Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон оид ба гӯштини самбо буда, ҳамзамон шогирдони зиёдеро дар ин риштаи варзиш тарбия менамояд.
Х. Солиҳов, подполковники милитсия




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuno

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика