Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Шуъбаи Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ВКД дар шаҳри Турсунзода

496

Рӯзи 7-уми сентябри соли 2020 дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Турсунзода ва корҳои ободонию созандагӣ бинои нави Шуъбаи Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Турсунзода мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар расми ифтитоҳи бинои нави Шуъбаи зикргардида Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, Раиси шаҳри мазкур Акрамзода Парвиз Акрам, сардори Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ВКД полковники милитсия Ализода Анварҷон Ҷума ва ҳайати шахсии ҳамин Шуъба иштирок намуданд.
Мавриди қайд аст, ки бинои нави Шуъбаи Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Турсунзода бо тарҳи зебо дар идомаи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо тамоми шароити мусоид ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта ба истифода дода шудааст.
Зимни боздид Вазири корҳои дохилӣ аз сатҳу сифати корҳои анҷомдодашуда изҳори қаноатмандӣ намуда, ба ҳайати шахсии Шуъбаи мазкур ҷиҳати ҳифзи бинову иншооти давлатию ҷамъиятӣ ва молу мулки шаҳрвандон як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дод.

497498499

Зикр гардид, ки дар рӯзҳои таҷлил аз 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода додани бинои мазкур ин туҳфаи арзандаи давлату Ҳукумати мамлакат ба кормандони Шуъбаи Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Турсунзода мебошад. Ва дар ҷавоб ба ин ғамхорию таваҷҷӯҳ онҳо бояд рисолати касбии худро бовиҷдонона, софдилона ва ба нафъи давлату миллат анҷом диҳанд.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика